Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 145 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 145 аз 470 · 3 ноябри 2026

Тўра ба дав боло баромад, ки лахча биёрад. Лахча овард. Бар комаи лангарчўб лахча гузошт, боз бар сари тир гузоштанд. Садои ғижжак баланд шуд, тамоми овул мешунид.
Бунафша аз дасти Ҳаёт дошта лаби дўнгӣ омад ва бозии писарбаччаҳоро тамошо кард. Онҳо лангар хўрда, яке ва дигаре пой ба замин расонда, тела медод ва инак ғижжак ниҳоят тез мегашт ва торафт садояш баланд шуда дар Санги Сипар танинандоз буд ва то дандонаву падораҳои кўҳ мерафт. Аливу Ғанӣ ончунон гирд гаштанд, ки сарашон чарх зада, тамоми кўҳу дара ба назарашон такорў шуд ва ҳарду баробар «дор!» гўён фарёд заданд. Тўра бархоста онҳоро дошт. Онҳо аз ғижжаксаворӣ фаромада, чашм пўшида ба худ омаданӣ шуданд, баъд ба ҳоли ҳамдигар хандиданд.
— Акнун ту савор шав, Тўра, – гуфт Алӣ.
— Ҳамроҳи кӣ?
— Савор шав, ман давр мезанонам.
Тўра ба як нўти чўб савор шуд ва Алӣ ба нўги дигараш шикам партофта, аввал роҳ гашта баъд давид. Ғижжак ин дафъа оҳанги ниҳоят хуш ва то ин дам касе нашунидаро навохт. Баччаҳо ҳам ханда ва гапро фаромўш карда, фақат гўш бар садо дода буданд.
Зироат сатил ба даст ба об фаромад. Бозии баччаҳоро дида завқ кард, баъд ҳавасаш омада, ба онҳо наздик шуд. Бар миёнаи чўби ғижжак сина андохт ва «гардонед» гуфт.
— Оча, ин хел наистед. Чўб барояд, нўги тир шикаматонро чок мекунад, – дилсўзӣ карда гуфт Тўра.
— Хайр, чок кунад, ту барин Тўра кам-дия, – ҷавоб дод Зироат.
Тўра сурх шуд, аз рави ғижжак фаромад ва сарашро ҳам карда шишт. Дигар баччаҳо ҳам хомўш буданд.
«Бегона ҳамин гапро намегўяд» аз дил гузаронд Тўра, баъд зери абрў ба ҷўраҳояш нигарист. Онҳо ҳайрон буданд. Зироат ҳам гўё аламашро тоза карда бошад, об гирифта, ба овул баромад.
— Тўра, ҳамин модари худат? – пурсид Ғанӣ. Тўра сар ҷунбонд.
— Набошад, чаро ин хел мегўяд?
— Феълаш омадагӣ.
— Нее. Ягон гап ҳаст.
— Чӣ гап мешавад?
— Набошад, чаро он рўз зада биниатро хунӣ кардааст?
— Шумо мактабро партофта наомадед, ман омадам, барои ҳамин.
— Нее.
— Ҳа, рост.
— Ҷаҳлаш ки омад, ягон гапи дигар намегўяд?
— Мегўяд: «додомонанд» гуфта мезанад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан