— Боз се рўз, – нарм ҷавоб дод ў ва лаби об дастшўӣ фуромад.
Моҳ хеле ғарбтар рафта ва сояи хираи Санги Сипар бар об афтида буд.
22
Ҳаким гумон кард, ки худи ҳамин субҳ ширро ба деҳа мекашонад, барои ҳамин Бонуро барвақттар бедор кард, то офтоб оламро гирифта, шир дар роҳ турш нашавад.
Бону дари хиргоҳро кушода баромад.
Ҳаким кўрпайи аз рўи байтор афтидаро ба болои ў кашид ва Бону гузашта лаби об рафт. Холаи Зубайда, Зироат ва ду говдўши нав ҳам хестанд. Роҳи Каҳкашон ниҳоят равшан ва пурситора буд.
Вақте ки Бону ба даҳани бидон ширполо гузошта шири сатили аввалро холӣ кард, фазо равшан шуда буд, вале пас аз чанд дақиқа ҳаво тира гашт ва баъд субҳи содиқ фаро расид.
Ашўра ҳам чанд гов дўшид.
Ҳаким бо ишораҳо боло ва бидонҳоро нишон дода, ба Тўйчӣ фаҳмонд, ки подаро ба қадди об рост карда ояд, ҳамроҳ бидонҳоро ба харҳо бор кунанд.
— Имрўз не, ако! – фаҳмонд Ашўра.
— Ҳа?
— Ҳоло сепаратчиҳо наомадаанд. Ду-се рўз бардошт мекунем.
— Ҳа, хайр. Набошад, ба дегҳо андохта пазанд,– гўё маслиҳат дод Ҳаким ва ба Тўйчӣ фаҳмонд, ки аз пайи пода шавад.
Меҳмони ба саҳархезӣ одат накарда, аввал гирду атрофро зери абрў аз назар гузаронд, баъд шими таҳ карда паҳлўи ҷогаҳ мондаро зери кўрпа кашида пўшид. Бархоста тасмаро сахт баст ва чашмонашро бо ангуштонаш молида ва сангпарро гузашта ба назди тарноби чашмаи Санги Сипар рафт.
Ашўра барои ў аз хиргоҳ сачоқи тоза гирифта. лаби об фуромад.
23
Баччаҳо ба Бурснова рафта аз дарахти дўлона як сутун ва аз
бурс як болорча бурида оварданд. Ҳамвории лаби обро кофтанд
ва нўги сутунро мисли хома пай зада, устувор карда «тир» гуфтанд ва болорчаро аз миёнааш кома кофта, бар сари тир лангар
андохта «ғижжак» сохтанд. Сипас ба ду нўги чўб савор шуда, пой
бар замин тир карда тела доданд ва ба мисли парраи осиёб гирд
гаштанд. Ғижжак ба нола даромад. Мисли он ки ҷувоз кашида
истода бошанд, тиру рав ғижжос мезад. Аввал каме ғангу ғунг кард, баъд сари тир суфта ва лайс шуд, ки садояш хомўш гашт.





