Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 143 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 143 аз 470 · 3 ноябри 2026

Гови Ало гўё ҳамаро посбонӣ мекард ва дам ба дам пеш омаданӣ мешуд. Дар лаби об галагов шуд. Дар он ҷо ягон бўи нохуб ё бўи хунро шуниданд, ки дастак зада, шох ба замин тир карда аррос мезаданд, девона шуда буданд.
Пирамарди Муҳаммадмурод ғурмчўбро бардошта қомати хамидаашро рост кард ва ба сўи говҳо тохт. Онҳо аз бўи хун девона гашта таҳдиди мўйсафедро намешуниданд. Пас ў бо тамоми овоз «бош! бош!» гўён фарёд зад ва садои ба шохи гов бархўрдани ғурмчўб баромад.
— Сабил монӣ, бош-э! – боз хитоб кард ў ва паст-паст овозаш омад: – Болои ҳамин хуна хокпўш кунед, намешавад!
— Хуни чӣ? – оҳиста пурсид Ашўра. Касе ҷавоб надод.
— Ягон гўсола мурд? – боз пурсид мудир.
— Нее, аз бинии Тўра хун омада буд, – номи писар гирифта, ҷавоб дод Зироат ва ҳама ҷим шуданд. – Ҳоло додош намедонад.
– Худ аз худ ба гап даромад ў.
Пирамард говҳоро ба як сў ронда, ба рўи хун хок пошид. Ва дасту рўяшро ба оби сард шуста, андаке рўҳ гирифта омад ва беандеша ба рўи Зироат гуфт:
— Хуҳарам, дар оянда баччаро ин хел назан.
Зироат чӣ ҷавоб гуфтанро надониста, сурх шуд, тафсид ва як ба Ашўраву меҳмон нигоҳ карда рамуз гирифт, сипас сар ба зер афканд. Ин дафъа садои гирогир карда, қади обро нишеб шудани сагҳо хомўшии овулро вайрон кард. Сагҳо хеле роҳ «ак-ак» карда рафтанд ва якбора гирогирашон басанда шуд. Баъди чанд муддат «ҳе муред, шумо, беадабҳо, нашинохтед-чӣ?» гуфтани касе шунида шуд. Бону соҳиби овозро шинохта хест ва аз нав ба ошдон оташ гиронд.
— Иш-иш! – садо наздик омад.
— Аком-ку! – шинохта гуфт Ашўра ва дар ҳамин лаҳза Зироат оҳиста бархоста ба каппа даромад.
Ба қавли худаш, қисмати Ҳаким бо роҳу сафар пайваста. Гўё ҳама медонанд, ки ба ў хоб лозим набошад. Мўкии ў аз фўлод аст, суда намешавад ва ҷисму ҷони ўро Ҳоҷикулол сохтааст. Дар ин бевақтӣ ба се хар бидон бор карда омад.
— Салом, ако! Мондаҳо! Пагоҳ меравам гуфта будед-ку? – ба пешвози ў хеста гуфт Ашўра.
— Баъд фикр кардам, ки истода чӣ ҳам мекунам... Шумоён нағз омадетон?
— Ҳаа, – каме шарм карда ва андаке сурх шуда ҷавоб дод Ашўра.
Бону зуд рафта бидонҳоро ҳамроҳи шавҳараш аз болои харҳо фаровард. Баъд оҳиста пурсид:
— Баччаҳоро наовардед?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан