Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 142 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 142 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ў савори бегонаро дида гурехт, вале Бунафша «муаллима-хола» гўён аз дари хиргоҳ берун омад.
Бону сатили пурширро бардошта омад, ки барои меҳмони Ашўра ҷой дуруст кунад.
— Салом, холеш, омадед?
— Салом, апаҷон! Омадам. – Ашўраву Бону ҳамдигарро бўсиданд.
— Ба шумо ҷой тахт кунам, холеш?
— Ман худам... бегона не-ку.
— Ҳамтую... хайр...
Бону ширро ба бидон гардонда боз говдўшӣ рафт. Ҷавони шапкапўш аспҳоро дошта меистод. Тўйчӣ омада салом дод ва лаҷоми аспонро кашида ба шибари лаби об бурд.
— Марҳамат, – меҳмонро ба хона таклиф кард Ашўра.
— Як дам тамошо кунем, – хоҳиш кард меҳмон ва чашмаш ба Санги Сипар афтид. – Ин чӣ санг аст?
— Санги Сипар, – ҷавоб дод Ашўра ва илова кард. – Пагоҳ вақти тулўи офтоб тамошо мекунед.
Меҳмон лаби об фаромад. Тўйчӣ аспҳоро душох карда, назди Ашўра омада пурсид:
— Вай тӣ?
— Духтур-духтур.
— Ҳа, дуту, бошӣ, бошӣ ких, а?
— Ҳа, говҳо касал шаванд, ких (укол) мекунад. Хуб-а?
— Аа, фо... Ато танӣ, ато? – Ҳакимро дар назар дошта пурсид Тўйчӣ.
— Пага меоянд, пага.
— Ҳаа, пага. Дао, дао! – ба хона таклиф кард Тўйчӣ.
— Меҳмон биёяд. Имсол ако хиргоҳ заданд, хуб-а?
— Ҳа.
Говдўшӣ поён ёфт. То ин вақт Ашўра суфачаи паҳлўи хиргоҳро об зада рўфта, ҷой андохта буд. Давра нишастанд. Амаки Муҳаммадмурод, Зироат ҳам омада буданд. Вале Тўйчӣ ба шапкапўшҳо наздик намешуд. Ба каппа даромада, хоб рафт. Гўё баробари хоби ў табиат ва ҳамсояҳо ҳам ба хоб рафтанд. Кўҳсор сукут дошт. Ва моҳи пурра бар асари офтоб рафта то ба миёнаи осмон расидааст.
Инак аз даводави зиёд монда шуда оҳиста мегардад ва тамоми нурашро ҷамъ карда ба рўи овул мепошад. Ситораҳо ҳам равшан, гўё ки бо латтаи тар оинаро пок кардаанд ва дар ин оинаи азим тамоми чароғҳои дунё аксандозӣ мекунанд. Аз тарафи Бурснова ду-се бор садои шағол баромад ва гўё байни кадом бурси сершоху барг фурў рафт.
Говҳо пайи ҳам шиками гаронвазнашонро ба замин партофта як оҳи бадард мекашиданд ва баҳсобаҳс кафша ва дандонсоӣ мекарданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан