Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 141 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 141 аз 470 · 3 ноябри 2026

Бону васак (пўсти пуркоҳ)-ро зери пистони Ало мебарад ва бо ангуштонаш дораҳои онро эдир карда, «гўсола»-ро пеши фўки гов мегузорад ва то дўшида шудани Бону Ало пўстро лесида шир медиҳад. Ва Бонуро садои ба сатил ғав-ғув рехта кафк кардани шири гови Ало ба фикр фурў мебарад: «Чаро Ашўра шавҳар намекунад? Магар ў бачча намехоҳад? Ин ҳайвони беақл бошад, пўсти пуркоҳро лесида, мазмун, бўи баччаашро мешунавад. Шояд аз зери пўст бўи коҳ ояд? Не, барои коҳ не: на ҳайвон ва на инсон баччаашро ба чизу чора иваз намекунад, магар нохалаф… Чаро ин хел, чаро Ашўра шавҳар намекунад? Ҳама инро мегўянд. Мардак ҳам аз ман мепурсад: «Ту намедонӣ, солҳои ҷанг Ашўра бо ягон кас гуфтугў дошт ё не?». Ба назарам, не. Ҳеҷ кас надидааст. Дасти сўхта ҳам ягон вақт аз зери остин намоён мешавад. Ҳеҷ набошад, дар ягон гўша мактуб хондани Ашўраро баччаҳо медиданд... Аз ҳама пеш онҳо мефаҳмиданд. Ё мактуб гирифтани ўро...»
— Ҳеше, Алоякам, ҳеше! Ту нағз, баччаатро нағз мебинӣ. Нигоҳ кун, вай ҳам чӣ хел боодоб. Намеҷунбад. Туро безобита намекунад.
Ҷиҷиатро намегазад. Ҷим, ҷонакам, ҷим. Баччаатро лесидан гир.
Ширатро барои баччаат надузд, ишками вай сер. Гўр оча шавад, кабутарвор хўрда аз ҳалқ бароварда ба бачча доданист. Ту ҳам мефаҳмӣ-а? Соли дуюм ман Валиҷонро ягон-ягон мебинам. Лекин меҳри одамӣ ҳамааш дар дилаш. Ту барин ин қадар намелесад.
— Ҳумм! – ба тарафи чайла чашм дўхта шиква кард Ало.
— Ҳа, Алоҷон, ҳамин хел. Дидӣ, ту ҳам баччаи порсолаатро фаромўш кардӣ, меҳрубониашро ҳам, ба синаат сих халонданашро ҳам. Лекин одамӣ ин хел не, ҳама дар ёдаш меистад. Ҳам гапи бадаш, ҳам гапи хушаш. Медонӣ чӣ, Ало? Ба гўшат як чиз мегўям.
Барои одам ҳазор бачча ҳам камӣ мекунад. Меҳри ҳар кадомаш дигар. Вале намедонам, барои чӣ фўрмаи ту инро намехоҳад.
Ҳайфи кас меояд. Солҳои ҷавонии моро ҷанг хўрд. Ҷавонии вай беҳуда мегузарад. Гап байни худамон, Ало, Ашўра – ҷони одам.
Ҳатто барои шумо чӣ қадар азоб мекашад... Ало, хафа нашав, баччаат дар пешат.
— Оча! Ҳо, оча!
— Ҳа, Бунафша.
— Новаст гурехта омад!
— Кадомаш?
— Баччаи порсолаи Ало чӣ?
— Ҷонвар, очаашро ёд кардааст.
— Ҳоо, апа, мемон ома, мемон, – ба зани Муҳаммадмурод хитоб кард Тўйчӣ ва ба роҳи деҳа даст ёзонд.
Холаи Зубайда даст бар чашм соябон карда ба роҳ нигарист.
Шапкабасаре ҳамроҳи мудири ферма меомад. Ҳама банд буданд, меҳмононро пешвоз гирифта натавонистанд, фақат Бунафша дар дари хиргоҳ ва дар паҳлўи ў додараш Ҳаёт, ки дар тан як куртачаи рах-рахи кўтоҳ дошт, меистод.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан