Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 140 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 140 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҳаким ним соат пеш барфи бомҳоро тоза карда, аз хонаи амаки Муҳаммадмурод як пиёла чой хўрда, гарм шуд ва як назар ба Ашўра нигариста ба оғил даромад, то зери пои говонро тоза кунад.
Ҳаври гарми дами говон ба димоғ ва сару рўйи сармохўрдааш хуш расид. Аввал бо нўги шоха аз байни пои говон хасу хошоки рехтаро каш-каш кард, баъд говҳоро ба сағриву думғозаашон шаппотӣ зада, беҷо карда поруро ҷо-ҷо чамъ овард ва аз порупарто бел-бел ҳаво дод. Баданаш гарм шуд, арақ кард. Ва Тўйчӣ бар асари ў нўшхўрди охурҳоро бардошта, коҳу алафи хушк меандохт. Ва боз занбарғалтакро ғелонда ба силосхона мебурд.
Ашўра аз дарвоза берун баромада ба майдони васеи барфпўш нигарон монд. Баъд чашмаш ба сўрохиҳои говхона афтод, ки мисли хокпартоии кўрмуш бел-бел пору мерехт. Пору то сўрохии порупарто дамма шудааст ва як лабаш ба ҷўйбор мерасад. «Пеш-пеш ба саҳро бурдан лозим» фикр кард ў ва чашмаш ба роҳи район афтид, ки дар байни барфзор мошине мисли сангпушт мехазид.
Ашўра сўи деҳа ба роҳ даромад. Барфи шиббахўрда ва яхбастаи роҳ зери мўзаҳои хироми сиёҳ ғаж-ғаж садо медод.
— Оо фўрма!– аз дари сарой садои занонае баромад. Ашўра баргашта Зироатро дид. Ў даст гардонд, ки Ашўра баргардад.
— Куҷо меравед, фўрма?
— Ман дар нимароҳ раисро пиёда карданӣ. Шишта-шишта ба ман алам мекунад.
— Гумон мекунед, ки пиёда мешавад? Андак мошинро қарор медораду боз ба роҳаш рафтан мегирад. Чӣ хел пиёда карданӣ?
— Фаро, ман ба район рафта, кунҷора меорам, говҳо аз гушнагӣ мемуранд! – мегўям.
— Ба ин гап намефарояд. Ҳилаи дигар мекунем. Ман чунин мекунам, ки дард гирифтааст. Шумо мошинро дошта илтимос кунед, ки маро ба таваллудхона барад. Баъд раис, ки пиёда шуд, дароварда оғилу коҳдонро нишон диҳед. Ба тори сараш чакка занад, мефаҳмад.
— Ёфтед. Шумо зуд ба хонаи амаки Муҳаммадмурод дароед.
Мошини раис ба Сарой наздик шуд. Ашўра даст бардошт.
Мошин қарор гирифт. Дареғ, ки раис набуд.
— Раис ку? – пурсид Ашўра.
— Душанбе рафтанд.
Дасту пояш суст шуд.

21

Имсол ба сари гови Ало бадбахтӣ омад. То дами охир маълум
накард, ки вақту соаташ расидааст. Дар лаби ҷарӣ зоид, баччааш
аз ҷар парида мурд. Ба пўсти он коҳ ҷой карданд. Акнун ҳар субҳу шом гови Ало бонг зада меояд, ки баччаашро бинад ва шир диҳад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан