Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 139 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 139 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Гап ин ту не, хуҳарам-муаллима. Ба гумони ман, раисамон одами бад набуд.
— Ҳоло ҳам бад не, ако. Лекин намедонам, барои чӣ бо ман сагу пишак шудааст.
— Не, ҳамту ба назаратон менамояд?
— Не, ако, ҷиддӣ...
Мошини раис назди Саройро чанг карда гузашт. Ба назари Ашўра, чанги аз зери чархҳо бархоста аввал аз девори Сарой гузашт, баъд ба рўи ширдонҳо, ғарами алаф, чоҳи силос ва равзанаи коҳдонҳо фурў нишаст.
Ашўра бо хаёле аз дарвозаи Сарой баромада аз паси мошин нигарон монд. Аз дур ба назараш ду сурат намуд, ки гоҳ дар чанг ниҳон мешуд ва гоҳе аён. Наздик шуданд: Бону ва Зироат.
Мо ҷавонзан гуфта, ҳар рўз ду бор омада мераванд, вале холаи Зубайда дар ҳуҷраи саройбон манзил гузида, гўё боқии умрашро саришта мекунад.
Чанги мошин оҳиста-оҳиста фурў нишаст ва гўё Ашўра ба худ омад: «Нее, – мад кашид ў, – ман беҳуда мекунам, бо раис баҳс карда, бадном шуда мегардам... «Баҳс макун бо арбоб, арбоб занад ба ҳар боб» гуфтаанд».

20

Мардум гумон мекунанд, ки аъзои ферма ҳамеша ширу қаймоқ мехўранд. «Гург хўрад-нахўрад, даҳонаш сурх». Вале Бону шири шаби дар табақҳо бударо ба сатил гардонда, тамом ки кард, дасташро мелесад, Зироату зани амаки Муҳаммадмурод ҳам ҳамчунин, вале Ашўра гўё ки аслан ширу ҷурғот намехўрда бошад, наздик ҳам намешавад. Аммо рафту бо касе гапаш гурезад, «ширу ҷурғоти ферма туро маст кардааст» гўён таъна ҳам мекунанд. Табиат ин Ашўраро чӣ хел офаридааст, ки ба чунин гапҳо аҳамияте намедиҳад ва таъзим кардагӣ барин аз мусоҳиб дур мешавад. Аҷиб,
1 ки гапи раис аз хекиртаки ў гирифтааст ва ҳеҷ не, ки раҳо кунад.
Ў мисли аъзо мўзаи резинӣ пўшида, андаруни лою оби Сарой ва заҳу таппиҳои оғилҳо мегардад. Ва баъзан ҳангоми бар сару тахтапушташ зардобаҳои бом чакидан боз бори дигар аз раис хафа мешавад, ки аҳамият намедиҳад, ёрӣ намекунад. Соли оянда ҳатман чанд аъзои нав гирифтанист.
Ашўра ҳар гилаву гузорашро ба Ҳаким мегўяд. Ҳаким тасаллӣ медиҳад, ки раис серкор аст, душворӣ мекашад. Бинобар ин баъзан сари ҷаҳл ва ё фикр накарда «мешавад», «намешавад»
гуфта мемонад...

  1. Харной.
Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан