Ҷой бошад, ферма ферма мешавад. Раис «дигар корҳо ҳам ҳастанд» гуфта он қадар аҳамият надодааст. «Колхоз ният дорад, ки гов харад» гуфтааст. Ашўра «барои гов шароит лозим» гўяд, раис «фўрмаи гўсфанд ҳам ҳамин гапа мегўяд, ту ҳам ҳамин гапа мегўӣ!» дод задааст. Ашўра «ин хел бошад, ман кор намекунам» гўяд, раис ҳалли ин масъаларо ба маҷлиси партиявӣ ҳавола кардааст. Ҳоло гап басандааст. Танҳо дили кас ба Ашўра месўзад: як сару ду гўш, ўро чӣ зарур. Ҳар рўз ду соат дарс дода, озода гардад, чӣ мешуд? Ҳуснаш ҳам дар байни заҳу поруҳо бенишон; роҳат ҳам надорад. Боз ҷанҷолу гапҳои пасту баланд шуниданаш сарборӣ. Гўё Ашўра барои худаш ин корро мекунад.
Вале барои ин хел занҳои мардмиҷоз ҳусн лозим не, онҳо чандон оинаву шонаро дўст намедоранд. Агар ба дасти ў тозиёна афтад, фақат ба соқи мўзааш зада фикр мекунад, ба ферма чӣ карду боз чӣ бояд бикунад? Чизҳои лозимаро ба раис гўяд, ганда мешавад.
Охир, раис одами калон ва ба қавли худаш колхозро аз дами бенавоӣ раҳо кард, акнун гап гапи ўст. Рост. Колхоз бенаво буд, доро шуд. Вале ба бенавоии вай одамон айбдор нестанд ва ба доро шуданаш раис кафил ҳам нест. Мардум доро карданд – Ҳакиму Ашўраҳо. Раис ҳам медонад. Ў ҳам ин қадар одами бад набуд.
Ҷояш ояд, ҷуфт меронд, ҷояш ояд, дарав мекард, вале ҳоло фақат мошин бошаду ману шофёрам, мегўяд. Баъд – маишат. Дигар ин, ки роли раисҳоро тамоман бардоштаанд, ҳатто хоҳад, мактабро фармон медиҳад, хама ба саҳро мебароянд. Боз ин гапро кӣ бароварда бошад? Валӣ ҳам барои ҳамин гурехта рафтагист, ки раис ягон бор ба фўрма омада дўғ занад, баччаи хонда, ҳақиқатро мегўям гуфта, ягон гапи ноҷо гуфта монад, хуб намешавад. Боз кӣ медонад, ки дар пеш киро чӣ интизор аст?
Ашўра фикр мекунад, ки барои «девори Саройро васеътар кунем, дар як гўшааш барои аъзо хона пўшем» гуфтанаш раис аз ў хафа шуда бошад, не, раис худаш чӣ кор карданашро намедонад.
Ба қавли баъзеҳо, бо кадом одами боло наздикӣ пайдо кардааст:
бе маслиҳати ў ягон масъаларо ҳал кардан имкон надоштааст.
Чунин кору кирдор ба дилаш мезанад, баъд мустақил шуда, худаш ҳал кардан мегирад.
— Хуҳарам-муаллима!
— Лаббай! – ба Ҳаким рў овард Ашўра.
— Бо раис хархаша кардед?
— Не, кӣ гуфт?
— Одамон.
— Ба одамон ягон чиз гуфтан лозим, ако. Хап шинанд, мекафанд.
— Ба ҳар ҳол, сардор...
— Рост, ако, баъзеҳо мехоҳанд ҳоло ҳам ғуломдорӣ кунанд.





