«— Ба писараш».
«— Ба Мўсохон?»
«— Ҳа!»
«— Худи Ҳабиба мехостааст?»
«— Ҳабиба дастнигар, баччем. Ҳозир холааш бароварда пеш кунад, куҷо меравад?».
«— Гўй, ба хонаи мо биёяд, оча!»
«— Намебиёяд, баччем».
«— Хайр, ба хонаи холаи Саврӣ».
«— Ба он ҷо рафтанаш мумкин...»
«— Оча, ту маро фиреб медиҳӣ».
«— Барои чӣ баччаи худамро фиреб кунам?»
«— Ту намехоҳӣ, ки Ҳабиба ба хонаи мо биёяд?»
«— Ту хоҳӣ, ҳозир меравам, лекин ў намеояд».
«— Як бор рав, ҳамроҳи холаи Саврӣ рав, Наояд, гила не».
Соро аз дар баромад.
Ҷовид ин қадар зуд баргаштани ўро чашмдор набуд. Ҷовид ҳанўз барнахеста ў баргашт.
«— Ҳа, оча? Ин қадар зуд баргаштӣ?».
«— Нагуфтам, ки ў ба хонаи мо намеояд!»
«— Ту нарафтаӣ, оча».
«— Рафтам, баччем, Савриро ҳам дидам. Гуфт, ки имшаб тўй мешавад. Дидӣ, одамҳо чӣ кор мекунанд. Ғами ҷаҳон надоранд».
«— Дурўғ нагў, оча. Ҳабиба ба ун девона намерасад!».
«— Расидааст, баччем. Агар ҳамин шаб тўй нашавад, маълум ки дурўғ будааст».
«— Илоҳӣ, оташаш дар нагирад!».
Садои «ёр-ёр» омад. Ҷовид ба кўчаи калон баромад. Марде ҷилави асп мекашид. Ҷавоне бар зин буд ва Ҳабиба дар пушти ў савори асп. Ҷовид ҳарчанд бадиққат нигарист, ҷавонро нашинохт.
«Охир, Ҳабиба бародар надорад, ў кӣ бошад, ки ўро дар пушти аспаш гирифта мебарад?» аз дил гузаронд Ҷовид. «Рост будааст, гапи модарам рост будааст» гуфт ў ба худ ва дид, ки ҷилавкаш ҷилави аспро ба тангкўчаи Абдул гардонд. Кўдакон аспро гирд гирифта, суруди «ёр-ёр» хонда то назди дарвозаи Абдул рафтанд.
Дарвозаи Абдул пастӣ кард. Арўсро фароварданд. Арўсро худи Абдул аз болои асп фаровард. Баъд пиразане аз дасти ў дошта гирди оташ бурд. Ҷовид ҳам аз паси онҳо кашола шуда рафт. Ва дид. ки оташ забона мезанад. Ҳабиба дар партави оташ мисли арғувон тобад. Пиразан ду бор гирди оташ гардонд. Дар даври сеюм Ҳабиба пуршаст даст аз дасти пиразан кашида худро ба оташ зад. Ва баробари худро партофтан равған барин аланга гирифт. Ҳама давра гирифта рост меистоданд. Касе ҷуръат намекард, ки ўро аз оташ кашад, аз афташ, беилоҷ будани ин корро медонистанд.
Ҷовид тоб наоварда одамонро ба ду тараф тела дода ба мобайн даромад ва шинелро ба тан печонда, фарёд зад: «Ҳабиба! Ҳабиба!
Ҳабиба-аа!!!» ва худро ба оташ андохт... Мисли он ки дар об ғарқ мешуда бошад, нафасгардон шуд: «Ҳа, ҳа, ҳа-ҳа, ҳам...» гуфт.
— Ҷовид! – фарёд зад Соро ва ў парида хест, – Чӣ шуд, писарам?
— Ҳеҷ чиз, оча,
— Хоб дидӣ?
— Не.
— Чаро фарёд задӣ?
— Фарёд назадаам, сўхтам.
— Чӣ?!
— Дар оташ сўхтам.
— Оташ чӣ ранг дошт?
— Лоларанг буд, оча.
— Худо хоҳад, ба муродат мерасӣ, писарам...





