Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Ҳатто Лоиқ ва Бозор Собир дар ҷавоб ба чунин даъватҳои беохир ва дилбазан ва гумон меравад то андозае барои бастани даҳони чунин ҷорчиён мутаносибан яке силсилаи «Нуристони Норак»-ро навишт ва дигаре чанд шеъри худро ба корхонаи арзизи шаҳри Турсунзода бахшид. Дар омади гап бояд бигўем, ки ин асарҳои ба ном «замонавӣ» аз сусттарин навиштаҳои ин ду шоири тавонои тоҷик ба шумор мераванд.
Хушбахтона, Сорбон ба якмизоҷие, ки ба ў хос мебошад, мисли пешина дар гирди Амондараи худ ва сокинони он чарх мезаду чарх мезад. Деҳаи хурди Амондара имрўз ба шарофати истеъдоди худододи фарзанди бузургаш ба ормондеҳ табдил ёфтааст ва рамзи дараи амонӣ, макони муқаддаси одамони наҷиб шудааст. Мисли он ки дар вақташ «канори оби Рукнободу гулгашти Мусалло»
ба шарофати Ҳофизи бузургвор, Санкт-Петербург бо ҳиммати Ф. Достоевский, Дон бо иродати М. Шолохов, водии Ҳисор ба туфайли устод Мирзо Турсунзода, деҳи хурди Мазори Шариф бо бузургвории Лоиқ, Сўфиён тавассути Бозор Собир, Яхч бо шеъри Гулрухсор ва ғ. машҳур шуданд.
Писанддараи Кўҳзод ва Сармаддеҳи Баҳманёр, ки маҳсули хаёли ин ду адиб аст, низ аз ҳамин қабил деҳаҳои ормонӣ мебошанд. Танҳо фарқ дар он аст, ки агар Сорбон ва адибони дигар деҳу мавзеъҳои воқеиро ба макони ормонӣ табдил дода бошанд, Кўҳзод ва Баҳманёр баръакс Писанддара ва Сармаддеҳи ормониро макони воқеии қаҳрамонони худ интихоб намудаанд.
Рафтору гуфтори сокинони Амондара барои Сорбон дар тамоми асарҳояш, аз он ҷумла дар он асарҳое ҳам, ки воқеаҳояшон дар дигар макон мегузарад, маҳаки асосии одаму одамгарӣ, ватандўстию ватандорӣ ва ташхиси маънии зиндагии инсонӣ мебошад. Ў қаҳрамони ҳикояву қиссаву повесту романҳояшро аз рўйи ҳамин меъёрҳо интихоб менамояд ва таҳқиқ мекунад. Ромиз аз романи «Актёр» агарчи дар шаҳри Душанбе кор ва зиндагӣ мекунад, аз табори бошандагони Амондара мебошад. Қаҳрамонони ҳикояи «Пирамард», қиссаҳои хурди «Кабўтари сафед» ва «Гап дар дил», қиссаи «Занги аввал», романҳои «Зарафшон» ва «Кадевар» низ аз ҳамон тоифа мебошанд.
Сорбон вуқўъгўй аст, яъне реалист ва асосан чизи дида, дониста ва аз сар гузаронидаашро менависад. Хотираи қавӣ, чашми тезбин ва мушоҳидакор, он чи ки барои нависандаи асил хос аст, дорад.
Бисёр шудааст, ки ҳар ду шоҳиди як воқеае будем, вале вақте ки ў он ҳодисаро пасон дар мавриде бозгўйӣ мекард, ба ў қоил мешудам.




