Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин қаламкашон дар он солҳо аз ин қабил «хатоиҳо ё лағзишҳои идеологӣ» бисёр содир мекарданд. Онҳо, ба таъбири Лоиқ, нияти нав кардани тору пуди назму насри адабиёти муосири тоҷик, ба замона ва суннатҳои асили адабиёти ҳазорсолаи форсии тоҷикию адабиёти умумиҷаҳонӣ ҳамсозу ҳамнаво гардонидани онро доштанд.


Аксарияти навиштаҳои Сорбон (зиёда аз 140 ҳикоя, 15 қиссаи хурд, 11 повест, 5 роман, ёдномаву сафарномаҳояш) мустақиман бо зодгоҳаш деҳаи Амондара вобаста мебошанд. Нависанда дар онҳо аз табиати нотакрори ин диёри зебоманзари кўҳистони тоҷик ва саргузашти ибратомўзи мардумони сода, вале наҷиби он ривоят мекунад. Ҳакиму Ашўра («Санги сипар»), Норҷону Кампири Чинӣ («Ҷўгӣ»), Сабо («Сабо»), Бурҳону Биёдгор (китоби якуми «Зарафшон»), Усто Қодиру Шарифа ва Моҳбӣ (китоби дуюми «Зарафшон»), Миру Гулсимо («Гови Мир»), Саидабону («Табари хунолуд»), Муҳаммадшариф («Осиёи навбат»), Боҷўрабой («Боҷўрабой») ва дигарон имрўз дар радифи чеҳраҳои адабии мондагори адабиёти кунунии тоҷикӣ, монанди Гулбибию Ёдгор, Қорӣ Исмат, Гулнору Ёдгор, Умархон, Холи Ворухӣ, Дилоромканиз, Муҳаррами Ғарч, Ҳасану Абдулатиф, Усто Оқил, Носир Аббос, Хиромон, Исфандёр, Диловару Даврон, Холдори Чилдурўғ, Кампири Осуда, Шераки Хол, Бобои Баҳром, Фармони Мурод, Шошо ва дигарон ҷой гирифтанд.
Ў ҳар пастиву баландӣ, ҳар кўҳу пушта, ҳар шебу фарози он, ҳар печу хам, ҳар шаху ҷар, ҳар санг, ҳар ҷўю ҷўйча ва ҳар сою сойчаи он, ҳар гулу буттаи он, ҳар ниҳолу дарахти онро медонад.
Вай медонад, ки онҳо дар фаслҳои гуногуни сол, ҳатто дар рўзҳову моҳҳои муайян чӣ рангу бўйе ба худ мегиранд. Нависандаи номии тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев дар сўҳбате дар замина гуфта буд, ки «мо то ҳол намедонистем, ки аз навишта бўйи деҳа, бўйи гулу гиёҳ, бўйи бедаву дарав ва хирману дона ояд». «Баҳор.— навиштааст нависанда дар қиссаи хурди «Пули заррин». – Шамол бўйи сабзаҳои навхези кўҳсор, бўйи ҳаловатбахши ҳулбўйи лаби ҷўй, бўйи хоки намнок, бўйи қоқуйи боғҳо, бўйи шукуфа ва барги дарахтонро ба машом меовард. Об дар баҳорон одатан лой шавад ҳам, оби сойи деҳа мусаффо буд. Шамол баробари бўйи хуш овози обро пасту боло меовард, зеру бамҳоро ба ҳам соз оварда якнавохт мекард, шамолхўракро дар ҳаво бозӣ медошт. Адиру талҳо, ҳамвории доманаи кўҳи деҳа махмалӣ буд». «Ин деҳа хурд, вале чунон зебост, ки аз он тарафи дарёи Зарафшон нигаред, гумон мекунед, ки гулфурўше чанд даста гулро даруни сабад гузошта нигарони харидор аст.

пешина
аз 470
навбатӣ