Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қафо мондани маро, будани маро торафт аз ёд мебаровард. Аз ёд мебаровард, ки ҳампаҳлў будем солҳо, қадам мезадем бо ҳам замоне, ҳамсўҳбатӣ доштем давроне, ҳамнафасӣ доштем айёме. Зеро Вақт аз гузаргаҳе, ки гузашта буд, амсоли ман ҳазорон–ҳазор ҳампаҳлў дошт, ҳамнафас дошт, ҳамсўҳбат дошт, ҳазорон чун манеро қафо монда, дур рафта буд. Дур рафтаву ҳазорон қафомондаро аз ёд мебаровард.
Балки кайҳо аз ёд бароварда буд.
Сари роҳаш боз бо ҳазорони дигар сар ба сар зада, онҳоро низ ҳампаҳлўи худ дошта, бо онҳо муддате ҳамсўҳбатӣ карда, аз онҳо низ гузашта, онҳоро низ ба фаромўшӣ партофта, сари роҳаш бо ҳазорони дигар вохўрда, аз онҳо ҳамчунин гузашта, онҳоро низ ба коми фаромўшӣ супорида буд. Балки онҳоро низ дар ҷое монда рафта буд, ки «гузашта» ном дошта.
Ман ҳам дар гузашта монда будам. Ва торафт фаромўш мекардам Вақтро. Балки яқинтараш фаромўш мекард Вақт маро.
Балки кайҳо фаромўш карда буд. Дунёи мурда ва фаромўшшуда бошад дунёи «гузашта», ки ман дар он монда будам…
Вақт мерафт ҷониби оянда. Ояндаи дури дигар. Ва ман бошам монда будам дар гузашта. Гузаштае, ки ҷое натвонад рафтан. Балки бимонад торафт қафо. Қафо бимонад аз Вақти дуршуда ва дуршуда.
Вақт аз мани дар гузашта монда дур мерафт ва мерафт…
Беист мерафт ва мерафт…

ИН ДУНЁ
ХЎРДАНИ ЯКДИГАРРО МОНАД

Ин дунё хўрдани якдигарро монад.
Мо инсонҳо мехўрем анвои дунёро, неъматҳои хокро, пасон дунё ва хоки гўристон мехўрад моро.
Ин дунё хўрдани якдигарро монад.
Парандагон мехўранд кирму чирмро. Ва чун парандагон фитоданду фавтиданд, кирму чирм мехўрад унҳоро.
Наҳангон фурў мебаранд моҳичаҳоро. Пасон чун наҳангон фавтиданд, моҳичаҳо мехўранд ҷисми бузурги унҳоро.
Ин дунё хўрдани якдигарро монад.

пешина
аз 276
навбатӣ