Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳатто одамон мехўранд якдигарро: мехўранд бо бухлу кина,
бо душманию бадбинӣ, бо найрангу фиреб ва равишҳои дигар.
Силсилабандие, ки дунё ном дорад, аз хўрдани якдигар иборат аст.

АФСОНАИ
МАНУ САНГЧА

Ман қадам мениҳам бардаму сарбаланд, пирўзу нусратманд; гўё соҳиби ин замин, ин замон ва ин афлок бошам. Ва сангчае, ки дар қади роҳам бошад мезанам бо нўги по. Сангча парида, ғел зада, ҷойи дигар меғалтад, аз сари роҳи ман дур мегардад. Хуллас назарам намегирад сангчаро: андеша намекунам, сангча мумкин дар сол калон бошад нисбати ман. Балки дар ҳақиқат чунин бошад. Зеро ман чанд даҳсола умр дида, сангча бошад арзи ҳастӣ карда шояд ҳазор сол пештар, шояд миллион сол муқаддам, шояд даҳҳо миллион сол аз ин собиқтар. Арзи ҳастӣ карда шояд муқаддам аз он, ки арзи ҳастӣ намуда зиндагии ҷондорон. Шояд як ҷузъи замини навпайдо буда сангча дар арсаи коинот. Шояд ҳамин замин арзи ҳастӣ карда паҳлўи сангча дар замони мозӣ, яъне дар оғози оғозҳо…
Аммо бо ин ҳама худашро ғолиби мудом намепиндорад сангча, чунон ки мани инсони роҳгузар ва умркўтаҳ мепиндорам. Шояд барои он ки сангча дида чу ман ҳазороне, ки ин заминро тай зада гузашта ва баъд бенишону нопайдо гардида. Балки дида сангча амсоли ман миллион–милион.
Шояд пеши по зада унҳо низ сангчаи ҷонсахтро, вале баъд худи онҳоро пеши по зада маргу гумномӣ, несту нобудӣ. Аз он ки сангча пеши пойи роҳгузарон шуда, билкул осеб надида, сураташ дигар нагашта, фақат парида, ҷояшро иваз кардааст, ҳастиашро амсоли собиқа идома бахшидааст, вале дар роҳгузори зиндагӣ, инсоне, ки пеши пойи аҷал гардида, парида ба гўрхонаи мадфангоҳ фитодааст, дигар аз он баромада натвонистааст, зери гўрпушта мондааст, балки дар мағоки он ҷо хоку туроб гардидааст.
Вале сангча боқӣ мондааст ва дидааст вай боз ҳазорон роҳгузори дигар, наслҳои гуногун ва оянда боз бубинад роҳгузори дигар, наслҳои дигар. Баъзе аз онҳо амсоли ман, шояд, нўги по бизананд сангчаро, назарашон нагирад. Бо вуҷуди ин сангча касеро сари по назадааст, ба касе озор наовардааст, ҳарчанд танаш оҳан барин сахту қавӣ бошад; барои он чунин накунад, ки бидонад: ҳама чиз гузаранда амсоли роҳгузарони зиндагӣ; худаш ҳам гузаранда бошад, ҳарчанд миллионҳо сол умр ба сар бурда ва миллион соли дигар шояд солим бимонад.

пешина
аз 276
навбатӣ