Шоҳроҳи истиқлол

Пасонтар кастуми обшустаи худро ба ў пўшонидам. Ҳарду саёҳат мебароем. Гоҳ – гоҳе ҳини тоб хўрданаш сари мехе аз зери манаҳаш як медурахшад. Дигар нишонае аз устойиҳои ман дар чеҳраи ў вуҷуд надорад. Гўё сурати ў нусхаи сурати ман аст. Ҳиҷ кас ўро аз ман фарқ намекунад.
Бародарии комил…
Боиси хушнудиҳои зиёди ман аст, ки қатори дигар муфаккирон ман танбалии ҳарина надорам ва ҳиҷ як аз тарҳу нақшаҳоям беамал намондаанд…
Боз кресло – сандалие низ фикр кардаам, ки бо найчаҳову симҳо хоҳамаш сохт: ин сандалиҳо сабук, шикананда ва сафарӣ хоҳад буд. Онҳоро тарҳрезӣ кардаам. Рўзҳои наздик аз шифти хонаам арматурашро барои ин кор берун мекашам…
Онро ҳатмӣ месозам!
Ва дунёро дар он кресло – сандалии нарми пуштакдори баланд хоҳам нишонд ва рўбарўяш хоҳам нишаст ва ба он машғул хоҳам шуд!
Бибинем!…
Бибинем, чӣ хоҳад шуд!…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё