Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Чанги хок ба осмон. Хиштҳои мазор, ки ҳар яке аз гузашта нишоне, ёдгорие буданд, зери чархҳои мошини пурдаҳшати афсонавӣ монда қасар – қусур мешикастанд, пора мегаштанд, гўё булдозер хиштҳоро ба комаш фурў мебурд, як – як нобуд месохт. Ба ақли кас нағунҷида, ки ба ёдгориҳои аз гузашта боқимонда чунин муносибат намоянд. Ёдгориҳо барои ҳар халқу миллат азизу нишонаҳо аз гузашта, нишонаҳои авлодонамонанд. Агар лозим биояд мо бояд чангу ғубори болои хиштҳои ин ёдгориҳоро бо дидагонамон бардорем. Аммо ҳамдеҳагони ман аз нофаҳмӣ чи коре карданд? Бале, медонистем, ки ин амал, саҳван сар зада, аз кўтоҳандешӣ, саҳлангорӣ. Вагарна ба мисли аввалааш аз нав бунёд сохтани мазор осон набуд, хароҷоти зиёд, маблағи беҳисобе лозим. Меъморон, идораҳои масъул, олимон бояд тарҳи нави мазорро рўи коғаз меоварданд.
Мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф вайрон ва аз рўи замин нопадид гашта буд. Хиштҳои сиҳатмонда ва нимшикастаро ҷо – ҷо рўи ҳам чиданд, ҷои мазор ғарамҳои хишт ба назар меафтод. Чӣ коре шуда? Хурду калони деҳа хиҷил. Чун аз дари масҷид медаромаданд, ба саҳни он назар меандохтанд, ҳамон чинорҳо, чинорҳои сершоху навдаи баланд – баланд, кундаҳояшон чунон ғафс, ки гирдогирдашон арғамчинҳо намерасанд. Онҳо гўё сар ба бағали ҳамдигар ниҳода, қад – қади ҷўй ба кабудии осмон баланд шудаанд, оби ҷўй соф, нуқрасо, сангчаҳои зери он чун садафпораҳо намоён. Шилдироси оби ҷўй ба гўш мерасад. Садо ба мисле ғамангез, дилгир. Оре, боз ҳамон чинорҳо, ҳамаашон ҷобаҷо. Аз ҷўи зери чинорҳо мисли пешина об ҷорӣ. Вале бо вучуди ҳамаи ин саҳни масҷид мисли пешина наменамояд. Бо гардонда шудани мазор ҳусни он коста гашта. Масҷид ва саҳни он ба назар холӣ.
Шаҳомати пешинааш намонда. Акнун мо мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф хаёлан пеши назар меовардем. Нақлу ривоятҳо аз хусуси мазор ба ёдамон монда. Гўё хотира шуда бароямон мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф.
Аз паси деворҳои саҳни масҷид, аз канори мазор роҳ, роҳи калони байни деҳаи мо ва Роҳатӣ, роҳи бисёр деҳаҳои дигар ва маҳаллаҳои дур, роҳи шаҳр, шаҳри Душанбе. Пеш, дар замонҳои подшоҳӣ, ҳама харакию аспакӣ бо ҳамин роҳ ба бозор
– ба Душанбе мерафтанд, ангур, себ мебурданд мардум ба бозор.

пешина
аз 276
навбатӣ