Шоҳроҳи истиқлол

–Ман ҳаргиз қасди туро санҷидан надорам. Зеро кайҳост, ки аз санҷиши ҳаёт гузаштаӣ. Худат ҳам яқин медонӣ – як махлуқи ҳафтрангӣ ту. На Худоро мешиносӣ, на бандаашро.
–Охир...
Вале ҳанўз гапашро нагуфта, Абдулаҳад аз зарби мушти гарони ҷавон ба замин, ба рўи як бутта гулхори хушк ғалтид. Ва инак аз тарси лагад буд магар, пойҳояшро кашида, зуд кулўла гардид.
–Бихез аз ҷоят, лаин!
–Ана, ҳозир... – тохта ба по шуд ў.
–Баъди хиёнат... чунон ки аз чанги рафиқони он афсар хато хўрдӣ, боз ба фиребу найранг ҷон ба саломат бурдан мехоҳӣ?!
–Не, дар пеши поят мурам, не! – гўён Абдулаҳад ногаҳон ба зону афтид.
Аммо ҷавон ин дафъа ба шикамаш лагад зада, ўро дубора рост гузошт. Ва:
–Аз башараат нафрати кас меояд! – гуфта, ба рўяш туф кард. – Номард! Модом ки дар зиндагиат ба ин қадар беинсофӣ роҳ медодӣ, танҳо ба ҷони бародари ман не, балки дигаронро ҳам мор барин заҳр мезадӣ, акнун, ҳангоме дар лаби ин ҷар лаҳзаи мурданат расидааст, ҳеҷ набошад асп барин рост истода бимур! Наход дар дами вопасин ҳам мард нашавӣ?!
–Бародарат буд вай? – чун барги бед ларзида, якбора гирист Абдулаҳад. – Лекин гуноҳи ман не...
–Пас гуноҳи кӣ?
–...Агар омада хабар намедодам, мекуштанд маро, пўст меканданд.
–Пас гуноҳи кӣ? – такрор кард ҷавон.
–...Чунки он сагони бўгир дарак доштанд.
–Ту аз рафиқони в а й барои нигоҳубин гуфта, ҳатто пул гирифтӣ. Вале ҳамин ки рафтанд, раҳму шафқатро фаромўш карда, дарҳол хабар бурдӣ. Чӣ гуноҳ дошт вай? Охир ба мисли ту як тоҷик буд!
–Ҳо, тоҷик...
–Некӣ мехост ба ту!
–Рост, рост... Лекин тарсидам, ақламро бой додам. Чӣ мекунам акнун, чӣ мекунам–э! – ба чаккаҳои худ мушт кўфт Абдулаҳад. – Аз як чумча хунам гузар, ки бачаҳоям ятим мемонанд, хору зор мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё