Шоҳроҳи истиқлол

–ёд надорам. Ниҳоят «тамом, рафтанд ба асфалуссофилин», – гуфт махлуқи дар миёни шариконаш аз ҳама бадҷигот. Ва дуртар аз ман ба сари китфи ҷасаде нишаста, аввал як туф карду баъд автамат дар бағал сигарета даргиронд. Ду нафари дигар ба тарафи дарвоза қадам монданд.
–Дар ҳамон ҷо сигарета мекашид? – гиребонашро қапида, лаҳзае бозистод Абдулаҳад.
–Рафтем, рафтем... –гуфт ҷавон, ба сўи вай ҳатто чашм наафканда.
Абдулаҳад гиребонашро сар додаву калла ҷунбонда, боз қадам бардошт.
–Ман ҳам аввалҳо ба монанди ту дар ҳайрат мемондам, – гуфт ҷавон ба овози дардолуд. –Аммо ду–се соли охир фикр мекунам, ки чаро не. Одам агар аз рўи кина ба куштор даст занад, сирати инсониашро комилан бой медиҳад. Ба як ҳайвони беҳиссу ҳуш табдил меёбад.
–Рост, баъзеи мо аз даранда ҳам бадтарем.
Ҷавон, ки сараш андаке хам пой мегузошт, бо кароҳат ба вай назар андохт. Сипас ба лабонаш гўё ногаҳон табассуми талх дамида, ҳамоно суханашро давом дод:
–Хулоса, ў дар шонаи ҷасад нишаста, бамайлихотир сигарета мекашид. Оташаки он дар торикии шаб гоҳ лахчавор равшан гардад, гоҳ гум мешуд. Аз гирду пеш қариб садое ба гўш намерасид. Ё кӣ медонад, шояд ман ба ғайр аз дук–дуки дилам, ки дар қафаси танги сина гўё таркидан мехост, дигар овозеро намешунидам. Либосам ғарқи хун шуда, ҷасади мардак ба пуштам бештар вазн меовард. Ниҳоят он қотили бадҷигот пасмондаи сигаретаро дар байни мурдаҳо аз худ дур афканда, ба по хест. Ва боз туф карда, автамат дар даст сўи дарвоза рафт. Пас аз лаҳзае паллаи дарвозаи оҳанин тарақосзанон пўшида шуду матори кадом як мошин ба кор даромад. Омехта ба садои он гуфтугўе низ пахшхўрда ба гўш мерасид. Чӣ мегўянд, фаҳмидан душвор буд. Баъд мошин яқин роҳ гирифта, қадре пас овозаш тамоман фурў нишаст.
Ман аз ғояти тарс нақши замин гардида, ёрои ҷунбидан надоштам. Вале парешон фикр мекардам, ки чӣ илоҷе ёбам, ҷасади бечора падарамро аз ин қатлгоҳи махуф чӣ тавр ба хона расонам...
–Даҳшат! – ғурунгид Абдулаҳад, боз як буттаро чап дода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё