Шоҳроҳи истиқлол

–Барои ҳамин аз ту напурсидам...
–Боз сарбаста гап мезанӣ.
–Парво накун, мавридаш ояд, сарҳуй гап мезанам.
–Яъне чӣ?
–Чӣ мебуд?! – хандид ҷавон. – Рўзи Худо бисёр. Акнун шинос ки ҳастем, мумкин зуд–зуд вомехўрем. Кӣ медонад...
ҳар гоҳ якдигарро дидан пас шояд барои сўҳбати озод ҳам вақт меёбем. Дунё ба умед гуфтаанд, – боз, вале ин дафъа маҳзун хандид ҷавон.
–Баақл менамоӣ, – низ лабханд кард Абдулаҳад.
–Аз чӣ дарёфтӣ?
–Аз тамкинат.
–Аҷаб, – ба нишони ҳайрат абрў барҳам кашид ҷавон. – Ман як фарди батамкин будааму то ҳол бехабар...
–Чандпула будани одамро дигарон мебинанд, на ин ки худаш.
–Пас дар бораи ту ҳам бештар дигарон медонанд? – маънидор пурсид ҷавон.
–Эҳтимол, – бари гардан хорид Абдулаҳад. – Лекин ҳоло гап аз хусуси ман не.
–Ту мехоҳӣ, ки танҳо аз хусуси ман бошад?– мижа назада, ба андоми ў назар андохт ҷавон.
–Не–ею... – даступо хўрда, нигоҳашро гурезонд Абдулаҳад.
–Не ки бошад, пас дар бораи ту ҳам сўҳбат мекунем.
–Марҳамат...
–Барои чӣ чашмонат ин қадар гирдаанд, бозигаранд?
–Вақти шўхиро ёфтӣ.
–Ман рост мегўям.
–Хайр, агар рост бошад, чӣ илоҷ… Худо ҳамин хел офаридааст.
–Яъне ки аз худат вобастагӣ надорад? Масалан, бозигариаш?
–Надонам....
–Медонӣ! – гуфт ҷавон ба як тундии ногаҳон.
–Ту чаро ба чашми ман часпидӣ? Ягон баҳонаи дигар биёб.
–Қаҳрат меояд, а?
–Ман охир одами зиндаам.
–Хайр, ана… барои чӣ кулўлаӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё