Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Хуб, дар рафти ҷанг чӣ медиҳад таҷрибаи зиндагӣ?
–Ба фикр кардан водор месозад.
–Аз кадом хусус? – лаҳзае сукут варзида, пурсид ҷавон.
–Аз хусуси он ки мабодо хуни ноҳақ бирезӣ, –гуфт Абдулаҳад. Ва низ даме хомўш монда, пас илова намуд: – Махсусан дар ин гуна ҷанги бародаркуш...
–Вале андеша аз хуни ноҳақ гумон мебарам вобаста ба синну сол нест.
–Чаро?
–Зеро бисёр касонро медонам, ки ҳатто соҳиби чандин набера бошанд ҳам, дастонашон то оринҷ олуда ба хуни ноҳақ аст.
–Будагистанд, албатта... – забон газид Абдулаҳад.
–Будагистанд не, ҳастанд! – сахт карда, якбора гуфт ҷавон.
–Ман фақат фикрамро баён доштам. Агар хато рафтаам, узр мехоҳам.
–Ҳоло ҷои узр хостан не. Вақти фалсафа фурўхтан ҳам не.
–Фалсафа набуд, дар омади гап гуфтам.
–Дар омади гап автаматро низ ба ёд овардӣ.
–Хайр?
–Агар инро ба дасти худат ҳам меқапонданд, чӣ кор мекардӣ?
–Ҳаргиз намегирифтам.
–Ба зўрӣ диҳанд чӣ?
–Гуфтам–ку: намегирифтам.
–Хафа нашав… аммо ҳеҷ боварам намеояд.
–Чаро?
–Барои он ки, аз рўи тахмини ман, агар туро лоиқи автамат медонистанд, ба дилу ҷонат мегирифтӣ.
–Намегирифтам.
–Ҳо–оо?
–Намегирифтам, вассалом!
–Пас ман ғалат кардаам.
–Дар ҳаққи кас дониста–надониста ҳар хел гумон бурдан хуб нест.
–Рост мегўӣ, – маънидор хандид ҷавон.
Онҳо аз тангкўча берун омада, ба саркўчаи деҳа дохил шуданд. Паҳлу ба паҳлу ва бешитоб қадам мемонданд. Инак васеъ буд роҳи на чандон ҳамвор. Гоҳо дар зери пояшон реги дурушт ва сангрезаҳо ғиҷирос зада, ба хомўшии қабл аз субҳгоҳон рахна меоварданд.

пешина
аз 276
навбатӣ