Шоҳроҳи истиқлол

Мирризо дод зад:
– Ба толори тайёра бод даромад. Куҷое аз девораш шикоф шудааст. Бод авҷ гирифт. Шикоф дарид. Шамол буд, тўфон шуд – одамонро пешпарон кард, курсиҳоро канд, ҳама асбобу анҷомро рўфт. Тайёраро печонд, тоб дод, бардошт ва бурд… Андаруни он тўфони бало садои яккае, омехта бо ғурриши бод, чиррос мезад:
– Эй бехирадон! Бе–хи–ра–до–о–он!
Аз ҳамон рўз то ба ҳоло, ҳар вақте раъду барқ шавад, дар замину осмон фарёде омехта бо ғурроси бод ба гўш мерасад:
– Бе–хи–ра–до–о–он!
СОРБОН
БЎЙИ ВАТАН
Одина дар Афғонистон хизмат мекард дар гурўҳи пештоз, рўзҳойи аз кор озод буданаш бо кўчайи ошно сўйи бозор мерафт. Пирамарде риши тоҷикона дар манаҳ бар хараки беруни дарвоза менишаст ва ёде аз ниёгони водийи Зарафшон меовард. Ҳар бор ки Одина аз роҳ мегузашт, пирамард дида ба ў дўхта бо нигоҳи хеш ҷавони ношиносу ноошноро то хамгашт мегуселонд. Одина мувофиқи касбу вазифааш ҳама ҳаракатҳойи ўро медиду рамуз мегирифт. Аммо чизе гуфта наметавонист. Зеро гоҳи пур кардани варақайи аъмол паҳлўйи «Дар хориҷа табор ё шиносе доред?» «На!»
навишта буд… Чун зиёд мегузашт, боре нигоҳи якрости пирамардро дида ба ишорайи сар «салом» дод. Пирамард низ бо ишорайи сар алейк гирифт ва аз дил гузаронд: «Мақоли халқӣ ҳаст: Харе, ки бор надорад, иш магў!» Аммо боре аз борҳо пирамард посух ба ишорайи сари ҷавон даст пеши бар хест ва забон кушод:
– Ота аз куҷо мешавед?
– Аз Шўравӣ.
– На. Аз кадом маҳалли тоҷикнишин?
– Аз Самарқанд.
– Ҳааа… Эҳсос кардам, бўйи Ватанро.
– Ман ҳам пай бурдам, ки шумо аз ҳамон обрав ҳастед.
– Чӣ тур?
– «Ота» гуфтед. Мо низ падарро ота гўем. Пирон чун шумо дами дарвоза харак сохта, дам гиранд.
– Ман аз Боғи Баланд.
– Боғи Баланди Самарқанд?
– Бале!
– Чун ба ин ҷо афтодед?
– Қиссааш дароз… Солҳойи Инқилоби Бухороро ба ёд оред…
Саропойи Одинаро арақ тар кард. рангаш ҳам канд.
Курта ба пўсташ часпид. Пирамард вазъу ҳоли ўро пай бурд:
«Имкон ёфта ягон вақт биёед, отаҷон. Дарвозайи мо ҳама вақт кушода…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё