Шоҳроҳи истиқлол

Дуруст гуфтам?
Мирбақо:
– Пул пулро меёбад. Маънои ин зарбулмасал аввал будани сармоя, яъне иқтисодро таъкид мекунад. Бунёди ҳамагуна пешрафт иқтисодиёт аст. Дигар ҳама назарияҳо, билкул хатост.
Мирвафо:
– Роҳҳои дигараш ҳам ҳаст. Ҳазору як роҳи пулёбӣ ҳаст.
Шарт не, ки фақат фабрику завод бошад.
Мирбақо:
– Яктояшро шунавем?
Мирвафо:
– Як роҳи пулёбӣ савдои афюну героин. Савдои ин чизҳоро ёд гирем, дери дераш, дар шаш моҳ, дар Себароз, ягон гурусна ва ягон гадо намемонад.
Мирбақо:
– О, ин ҷиноят. Наркобизнес ҷиноят аст, на иқтисодиёт.
Агар шумо наркобизнесро иқтисодиёт шинохта бошед, вой ба ниятҳои ҳизб, вой ба ҳоли мардум! Билкул нодуруст, мардумро ба ҷинояткорӣ ҳидоят кардан.
Мирризо:
– Ҳазл мекунанд Мирвафо. Як ҳазли мастона, дар омади гап.
Мирвафо:
– Не, ман ҳазл намекунам. Рост мегўям. Наркобизнес ба мардум пул медиҳад. Пули қариб муфт ва нақд. Пул миёни мардумро боқувват мекунад, сарашро баланд.
Мирризо:
– Ва ҳамин ақида дар Барномаи Шумо ҳаст?
Мирвафо:
– Ҳоло нест, лекин мешавад. Барнома дар дасти худамон, кайе ки хоҳем, дигар кардан мегирем.
Мирризо:
– Кайе ки хоҳед дигар бикунед, пас он Барнома нест. Як найрангбозист.
Мирвафо:
– Сиёсат худаш найрангбозист.
Мирбақо:
– Ба номи ғамхори халқ байрақ мебардоред ва ба қудрат ки расидед, халқро ба ҷарии фалокат тела медиҳед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё