Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Ақл набошад, ҳамон иқтисодиёт аз куҷо пайдо мешавад? Аввал ақл, баъд амал! Албатта ақли солим.
Мирбақо:
– Дарро задам, девор кафид. Асл ҳасту васл ҳаст. Асл молу ҳол, васл ақлу камол. Ин ду мафҳум фарқ дорад. Шумо фарқ карда натавонистед, ки…
Мирвафо:
– Худат фарқ карда наметавонӣ. Як мушт ба даҳонат мефурорам, аслу васли андомат бефарқ мешавад.
Мирризо:
– Бародарон, андозаро нигоҳ доред. Муколамаро ба муҷодала набаред. Андозаро нигоҳ доред. Корҳои муҳиме дар пеш аст. Мо дар остонаи истиқлолу озодӣ истодаем. Аз ин остона ба дарун даромадан лозим. Бо кадом роҳ, бо кадом қувва ва бо кадом дастовард? Аз ин бобатҳо бояд фикр давонем… Ба Шаҳри Шаҳрҳо, ба маслиҳати ҳамфикрон, бо ҳамин мақсад меравем.
Ва шароболуду газакхўрон ва даме оромонаву орифона ва лаҳзае дағалу омиёна ва дар яклухтӣ боодабонаву беадабона, ва дар доираи шиорҳои маълуми ҳизбҳо фикр медавониданд, ки дар Себароз алҳол озодии инсон нест, озодии сухан нест, ободиву фаровонӣ нест, осоишу оромӣ нест.
Ва ҳама дар таҳқиқ мувофиқ буданд, ки гунаҳкори ин ҳама нуқсу ноқисиҳо ҳизби яккатози ранҷбарон аст. Ҳизбе, ки мансабдоронаш аз таг то боло, бурёкрату хазинадузд шудаанд ва мардумро кор мефармоянду музд намедиҳанд. Ва роҳи халосӣ сарнагун кардани ҳукми номаҳдуди ин ҳизб аст.
Он тарафаш, худ ба худ, зиндагӣ хушу мулк обод хоҳад шуд.
Соф тоҷикона сурат гирифт фикрдавониашон – дар алоҳидагӣ ва дар гуфтор ҳар яке файласуфу хирадманд, вале дар ҷамъ ва дар кирдор ҳамашон лаванду малангу ландаҳўр.
Ва гап тоб хўрда боз ба нозукиҳои муомилаи байни роҳбару коргар омад.
Мирризо:
– Харкоре нўхтаи харашро тарафи хона мекашид. Аммо хар зўъмӣ мекард ва рафтан намехост. Раҳгузаре гуфт: «Эй соҳибкор, одатан ҳайвонҳо ҷониби хонаи соҳибашон бо майли тамом ва сабук мераванд. Чаро хари ту ду по тира мондааст ва рафтан намехоҳад». Харкор ҷавоб дод: «Шашмоҳа алафу ҷаваш назди ман қарз аст». Мардум аз кори бемузд мегурезанд.

пешина
аз 276
навбатӣ