Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Астағфируллоҳ гўед, шаккокӣ накунед, тавба кардам, гўед. Ман ин касро бори аввал мебинам. Ин кас аз рўи одоб маро падар гуфтанд.
– Ту ба ман гап ёд нате, мўйсафед.
– Охир бача вазнин аст…
– Вазнин? Вазнин ки бошад ҳаққи хизмат ҳам вазнин мешавад.
Дили Фурўғ сип-сиёҳ буду ҳеҷ бовар намекард, ки дар рў ба рўяш духтур истодааст. Нафратовар гашт афту башараи ҷарроҳ дар назараш. Вой бар ҳоли писараки бечора. Ҷавр бар ҷони падару модари ў. Ҳоло шояд дар кўчаҳо сарсону саргардон, фарзанд мекобанд.
Куҷоӣ, ай адолат!
Ки аз дасти ту дили ҷарроҳи сияҳкор пора-пора гардад.
Оҳ, Худоё!
Бигзор, бигзор, то набинему насўзем.
Ба ҷои адолат ғиреви Фурўғ баланд мешавад:
– Охир шумо бигўед, ки мо чӣ кор кунем?!
– Чӣ кор мекардӣ? Бачаро гашта бар!
– Ба куҷо?
– Ба ҳамон ҷое ки гирифтӣ.
Дили Фурўғ фишурда шуд. Ва ғаме чун кўҳ бораш гашт.
– Инсоф кунед…
– Инсоф мегўӣ?! – ҷарроҳ ба сўи Фурўғ ғуррид. – Аз кадом инсоф гап мезанӣ? Ман бист сол хондам. Сад сомонӣ маош мегирам. Ҳамин аст инсофат?
– Охир, кўдак гунаҳгор не-ку?
– Кӣ гунаҳгор?
Зояндаи зулмот – шаб – ҳокими мутлақ буду қаҳ-қаҳа мезад. Дар фазои утоқи ҷарроҳ инсоф месўхт. Пора-пора, ришта-ришта месўхт. Бе аланга месўхт. Дарун-дарун месўхт.
Чун каҳдуди сўзон месўхт. Дуди ғализ мекард. Миёни анбўҳи дуди инсоф Фурўғу пирамард ҳайрон монданд.
«Аҷиб, чӣ коре буд, ки кардам? Чӣ г… буд, ки хўрдам?
Кошкӣ намеистодам. Не, не! Аз рўи қонуни инсонӣ рафтор кардам. Ё монда равам? Чӣ мешуда бошад? Не, не! Ин аз рўи инсоф не».
Дасту пои Фурўғ кам-кам меларзид.
– Ягон илоҷ кунед, убол аст… Худатон гўед, чӣ кор кунем? Кўдак аз даст меравад.

пешина
аз 276
навбатӣ