Шоҳроҳи истиқлол

Дар ин хел ҷомеа ба одами хирадманд ҷо нест. Решаашро дар хислати мардум бояд ҷуст.
Мирбақо:
– Билкул дуруст. Як бузурге гуфтааст, ки мардум чигунае бошанд, роҳбарашон ҳамон хел мешавад. Аз мост, ки бар мост.
Мирвафо остин барзад:
– То ҷое ки ман медонам, хислати мардум зўрпарастӣ ва бегонапарастист. Ба зўр итоат мекунанд, ба бегона саҷда.
Дар Себароз як зиёратгоҳ нест, ки оромгоҳи бузургони худамон бошад. Дуруст гуфтам?
Мирризо:
– Як паҳлўи дигараш низ ҳаст. Дар таърих овардаанд, ки як муғул дар роҳ марди себарозиро даст гирифтааст. Лекин силоҳ надоштааст. Ба себарозӣ гуфтааст: «Саратро ба замин монда хоб рав. Ман ба юрт рафта шамшер мебиёрам ва туро мекушам». Он мард, бе чуну чаро, фармоиши ўро иҷро кардааст. Муғул ба юрташ рафта, шамшер оварда, сари ўро буридааст.
Ва хандиданд. Мастона хандиданд, ки дигар мусофирон нороҳат шуданд, – ду зане, ки қариб лаб ба лаб сўҳбат доштанд, сар бардошта, бо чашмони сарзаниш ва лабу даҳони қаҳролуд, тарафи онҳо нигаристанд; пинакрафтаҳо бедор шуданд ва дар дил ба онҳо нафрат фиристониданд, ва марде, ки дар курсии ба онҳо наздик пушт ба пуштак монда рўзномаи ғафсеро варақ мезад, рўзномаро рўи зонувонаш монд ва рў ба онҳо гардонд:
– Аввалаш, ривояте, ки гуфтед, ҳеҷ ҷои ханда надорад, ба ҳоли вай бояд гирист. Баъдаш бино ба суханҳое, ки гуфтед ва мо ҳам шунидем, шумо миён бастаед, ки бенизомиҳои зиндагиро ба низом биёваред. Лекин худатон одоби оддиеро, ки дар ҷоҳои ҷамъиятӣ воҷиб аст, риоя намекунед.
Мирризо аз хиҷолат сар даруни шонаҳо кашид. Мирвафо аз қаҳр дандон хоид. Авзои Мирбақо тағйир наёфт:
– Шумо корҳои ҳарду бузургро якҷоя накунед.
– Корҳои хурду бузург аз якдигар бармеоянд.
Як муддат касе ҳарфе назад. Муҳофизи Мирризо хеста рўи дастархонро тоза кард. Муҳофизи Мирвафо ду анори калонро хушрў, гул барин бурида назди онҳо гузошт.
– Авомро фозилон бедор мекунанд. – Мирбақо бо оҳанге сухан сар кард, ки гўё фикри буридаашро давом медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё