Шоҳроҳи истиқлол

8 Аммо Лазиз махсумро тақдир дигаргуна ҳал гардид: вақте ки вай бо паллаи дарвоза паснокӣ рафта ба девор бархўрд, ҳеҷ гумон надошт «кори ҷаҳон» як бори дигар такрор меёбад ва омада–омада, таги дарвозаи Навина, дар ҳамон ҷое, ки як замон «ошиқи шайдои Навина – Қиёми ҳамдеҳааш ба қаъри ҷарию даруни сел афтода буд, ба ғазаби Парвардигор гирифтор мешавад. Худ ҳам надониста монд, ки ин ҳодиса чӣ гуна сурат гирифт.
Ҳамин қадар дар хотираш буд. Вақте ки бо ҷаҳл дарвозаро кашид, дастаи зангзадаи он дар дасташ монду худ рўи барфу ях чалпак шуд, мисли лижатозон шуввас фуромада рафту даруни ҷўйбор зад. Ҷўйбори бетонӣ, мисли тобут тангу тор ва пур аз яху барф буд. Ҳамаи инро ба чашмони худ бидид ва аз тарс бо тамоми овоз фарёд кашид. Ба тасаввураш ҳамон фарёди Қиём, ҳини аз баландӣ рафта ба даруни мавҷи сел заданаш ба гўшаш омад. Баробари ин қасаррас шикастани устухонҳои дасту пояшро шунид, бо талвосаи ҷон бори дигар фарёд кашид, то ки одамон ба ёриаш шитобанд.
Баъд чӣ шуд, надонист.
Ў аз ҳуш рафта буд.
9 Он нишебӣ зимистонҳо ҷойи яхмолакбозии бачаҳои гузар буд. Аввали зимистон, вақти боридани барфҳои пайдарпай, бачаҳо хуб яхмолак кардаанд. Баъд он ҷо мисли шиша ях баста, ба ҷойи пурхатар мубаддал шудааст. Волидон бозиро он ҷо барои бачаҳо манъ карданд. Худи хунукиҳои сахт низ бачаҳоро маҷбур карда буд, ки ин рўзҳо аз хона берун набароянд!..
Лазиз муаллим даруни ҷўйбори бетонӣ чӣ қадар хобиду баъд ба ҳуш омад, худ намедонист... Аз сўзиши дасту по ва вазнин шудани ҷуссааш, ба дод омада, ҳушу беҳуш менолид.
Ў табиатан одами қавӣ ва зирак ҳам буд. Ҳис кард, ки сару рўяш хуншор, кулоҳаш дар сар нест...
Хост даст–даст карда, ба ягон чиз такя оварда аз ҷо хезад.
Аммо даст аз зери тан кашида натавонист. Пояшро ҷунбонданӣ шуда озмуд. Не, пой ҳам тамом карахт, вазнин.
Дарди сахте ҳис карду дод гуфт. Ин овози худаш ё овози каси дигар аст, фарқ карда натавонист, баъд боз аз ҳуш рафт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор