Шоҳроҳи истиқлол

– Эй мардум, ҳуштона ба сар гирен! – худнамоӣ мекард Нўъмон. – Вақти гапатона ёфтен.
– Болои ҳо ана ҳамон оташи баланд баред оба, – ба Нўъмон фармуд бобои Қурбон. Нўъмон ҳарчанд «кўшид», об ба ҳадаф нарасид.
– Куҷо рехтӣ? – шўрид бобои Хол.
– Чӣ дод мезанӣ? – ба Нўъмон садои бобои Хол нафорид.
– Оба дар болои ҳо ана ун оташи баланд рез гуфтем.
– У қадар ҳунарманд будед, чаро худатон нарехтед?
– Аз дасти ман кор меомад, миннати туро намекашидам.
– Хайр бас, – онҳоро ором кард бобои Қурбон. – Ана оташнишон омад!– ишора кард ба бонги хатари мошин.
– Дер кард…
Мошини оташнишон расидан баробар оташнишонҳо лўлаҳоро гирифта, аз чор ҷониб ба оташ ҳуҷум карданд.
Ҳомид назди командири онҳо омада, худро муаррифӣ кард:
– Ним соат пеш занг зада будам.
– Ба мо касе занг назадааст.
– Чӣ хел занг назадааст?
– Ба мо як ҷавон хабар расонд, ки худаш ба мошинаш омада буд.
– Бо кадом рақам занг задед?
– Рақами будагӣ…
– Кадом?
– Ту чӣ, маро санҷидан мехоҳӣ?
– Не, санҷидан намехоҳаму фаҳмидан мехоҳам, ки чӣ гуна бо сардори мо гуфтугў кардаед.
– Худаш гуфт, ки сардорашон ҳастам.
– 01 занг задед, 02 ва ё 03?..
– 03..
– Офарин! – бо тамасхур гуфт сардори оташнишонҳо.
Қаландари бўчка ба китфи Ҳомид панҷаи таҳсин зад, ки махлут ба ҳазлу истеҳзо буд.
– Ба ту номи мувофиқ ёфт шуд. Минбаъд номи ту Ҳомиди 03…
– Барои чӣ?
– Барои он ки бо ин рақам ёрии таъҷилии тиббӣ даъват карда мешавад.
– Чӣ?
– Бале, Ҳомиди 03… – қаҳ – қаҳ зад Қаландари бўчка.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо