Шоҳроҳи истиқлол

– Бобои Қурбон, – муроҷиат кард Убайд.
– Лаббай…
– Об ҳаст дар якҷо. Аммо намедиҳад.
– Дар куҷост об?
– Дар хонаи момаи Савлат.
– Чорхез бизан Убайдулло, бигў, ки бобои Қурбон фиристод.
– Овора нашав, – ўро аз роҳ гардонд Қаландари бўчка.
– Барои чӣ?
– Ту беваи Савлата намедонӣ, дар зимистон барфат намедиҳад.
– Барои ман медиҳад, – даст ба сина зад бо боварӣ бобои
Қурбон.
– Гаҳвораат аз осмон ҳам омада бошад, намедиҳад.
– Ту ҳамаро худат хаёл кардӣ? Ту Қаландариву ман Қурбон. – Ба Убайд рў овард.
– Чӣ истодаӣ?
– Равам?
– Вақте ки супориш додам, мерафтӣ ҳозир инҷо будӣ…
Убайд чорхез зада, пеши момои Савлат ҳозир шуд.
– Барои чӣ омадӣ?
– Барои об.
– Оба чӣ мекунӣ?
– Ба оташ мепошем.
– Ба оташи чӣ? – худро ба нодонӣ зад кампир.
– Нашунидед? Хонаи Саттор оташ гирифт.
– Оба барои ҳамин мебаред?
– Боз барои чӣ гумон кардӣ?
– Агар Саттор ҳафт шабу ҳафт рўз зораву тавалло кунад, ки гуноҳата ба ман бидеҳ, намедиҳам.
– Бобои Қурбон фиристод.
– Қурбони Шер…
– Қурбони Шер хари куҷо буд?
Убайд ба сатилаш хок пур карда омад.
– Нагуфтам, ки ба умеди кампири Савлат нашавед? – даҳони Қаландари бўчка гарм шуд.
– Гуфтӣ, ки Қурбон фиристод?
– Гуфтам…
– Нағз нафаҳмондӣ?
– Фаҳмондам. Бовар надошта бошед, худатон равед.
– Ҳозир равам, медиҳад, – гуфт бобои Қурбон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо