Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бетабъон ба майдони санъат медароянд. Бозори онҳо гарм мешавад. Ҷомеаро бо асарҳои сусти худ фиреб дода, ба роҳи каҷ мебаранд.
– Дур намераванд, – гуфт Дилбанд.
– Бале, дур намераванд, аммо мову шуморо мекушанд.
– Не, устод, моро кушта наметавонанд. Мо аз он мемурдагиҳо нестем.
Дилбанд аз ҷояш хест. Либоси танаш шинам ва қоматаш зебо буд. Зарроб ба ў бодиққат нигариста гуфт:
– Ба ҳаяҷон омадед?
– На, аз ҳаяҷони ман чӣ суд. Шумо шинед, ман худам қаҳва тайёр мекунам.
– Не, не.., – гуфт Зарроб, аз ҷояш хеста.
– Ман матбахи шуморо аз шумо дида хубтар медонам.
Ташвиш нашавед.
Пас аз лаҳзае Дилбанд дар ду истакон қаҳваи сиёҳ тайёр карда овард. Бўи хуши қаҳва ба димоғ зад. Табъи Зарроб хуштар шуд.
– Устод, – гуфт Дилбанд, – ман барои як маслиҳат ба ҳузури Шумо омадаам…
– Хуш, хуш…
– Дар як ҷо коре ҳаст, – бо эҳтиёт гуфт Дилбанд, – гўё аз шунидани ин хабар Зарроб ба хашм меояду истакони қаҳва аз дасташ меафтад. – вале заҳмати бисёр мехоҳад.
– Чӣ кор?
– Як биноро ороиш додан лозим. Шумо роҳбарӣ кунед.
Корро мо иҷро мекунем.
– Яъне киҳо?
– Шогирдони худатон. Бе шумо намешавад.
– Шумо мехоҳед, ки аз ҳамин кунҷи узлат маро берун бароред? Маишатамро беҳтар кунед. Чӣ биное будааст?
– Хонаи як шахс. Думанзила, даҳ – дувоздаҳ ҳуҷра дорад.
Мехоҳад тавре ороиш диҳем, ки дар шаҳр ягона бошад.
– Ман наметавонам. Вақт надорам. Корҳои нотамомам бисёранд.
– Мо шуморо заҳмат намедиҳем. Роҳбарӣ мекунед.
– Наметавонам, маро азоб надиҳед. Корҳои нотамомам бисёр аст…
Онҳо хайру хуш карданд.

пешина
аз 276
навбатӣ