Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Бинишин, ҷонам, чӣ шуд, ки ба ин ҷо омадӣ?
Дилбанд табассуми малеҳе карда, мўи сурхчатоби зебояшро, ки ба пеши рўяш фаромада буд, бо як ишваи дилрабое ба қафо партофт ва рўи курсӣ нишаст.
– Шуморо чанд вақт боз надидаам. Ба Иттифоқи рассомон кам меоед. Дар маҷлисҳо ва намоишҳои асарҳо ширкат намекунед. Ба хонаатон чанд бор занг задам, мегўянд, ки дар коргаҳашон. Телефони ин ҷо ҷавоб надод, хестаму омадам.
– Хуб кардед.
Зарроб рў ба рўи Дилбанд нишаст. Ба чеҳраи зебои ў бодиққат нигарист. Ин чеҳра ҳамеша ба дили ў гармӣ меовард.
Сўҳбати Дилбанд ҷозибае дошт, ки Зарробро ба худ мекашид. Дар муқобили ў рассоми кордида қариб ҳама чизро фаромўш мекард. Дар дил меандешид: оё сурати зебои Дилбандро кашида метавонад? Инсон бо самимияташ, бо меҳрубонияш, бо эҳсоси гармаш зебост. Мо, рассомон, метавонем тавассути рангҳо инсонро оро бидиҳем, вале самимияту эҳсоси онро инъикос кардан мушкил аст.
Зарроб даст ба риши нотарошидааш бурда, худро каме нороҳат ҳис кард. Сонӣ аз Дилбанд пурсид:
– Ҷонам, корҳои худат чӣ навъ аст?
– Бад гўям, бад не, хуб гўям, хуб не.
– Ҳамаамон ҳамин ҳолро дорем. Замона дигар шуд. Мо ҳам дигар гаштем.
– Не, – гуфт Дилбанд, – ман ба ин розӣ нестам. Замона дигар шуд. Мо ҳамон ҳастем, ҳамон.
– Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз. – гуфтаанд. – Аммо ман наметавонам бо ин замона бисозам. Бо замоне ки қадри асари маро намедонад, бо замоне ки равшан нест чӣ мекунаду чӣ мехоҳад.
– Ман ба фикри шумо розиям. Аммо рассомон ҳамеша ҳақиқатро тасвир мекарданд. Мо, чизеро ки дар табиат ва ҷомеа мавҷуд аст, тавассути рамзи бадеӣ ба мардум пешкаш мекунем.
Мо наметавонем, ки аз ҳеҷ чиз ҳар чиз созем, дурўғ гўем.
– Ҳеҷ кас маро маҷбур накардааст, ки ҳақиқатро бардурўғ инъикос кунам. Аз дурўғ гуфтан, хомўш будан беҳтар аст, – Зарроб аз ҷояш хест.
– Як пиёла қаҳва тайёр кунам. Ин баҳсҳо поён надоранд.
– Зарур нест, устод. Ман барои як маслиҳат ба ҳузури шумо омадам.

пешина
аз 276
навбатӣ