Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале худи ў қариб ду сол мешавад, ки дар хизмати ҳарбист.
Ман ангуштаринро ба киса андохтам ва мактубҳоро қабза карда, зуд аз хона бадар шудам. Модарам дар деги калон барои ҷомашўӣ об гарм мекард. Хамин вақт дарича таққӣ карда Зўҳро бо сатилҳои пуроб ба ҳавлӣ даромад.
Қоғазпечро дар дасти ман дида, ў ҳамаашро фаҳмид ва аз тарс дар ҷояш шах шуд. Вале аллакай дер шуда буд.
–Зўҳрои мо Тоҳир дорад! Шунидед, Зўҳро Тоҳир дорад?!– фарёд мезадам ман, мактубро болои сарам партофта.–Ў Нор аст, Нор!
Мактубҳо чун кабўтарони сафед чархзанон оҳиста ба рўи замин мефуромаданд.
Акнун ман дарк мекунам, ки ин чӣ бешафқатие буд аз ҷониби ман. Вале он вақт ин рафтор бароям як шўхии бачагонае буду бас.
Сатилҳо аз дасти Зўҳро парида рафтанд ва гулдуросзанон ғелон шуданд. Вале Зўхро гўё ҳеҷ ҷизро намедид. Вай ба даруни хавлӣ давида, сари по нишаст ва саросемавор мактубҳои титу парешонро ҷамъ кардан гирифт.
–Ана гап дар куҷо будааст. Ман хуни чигар шуда гаштаам, ки ин духтар чиба ин кадар якраҳагӣ мекунад. Ў бошад, одамашро кайҳо ёфта, бо вай гапро пазонда будаасту мо ин ҷо бехабар. Дилам мегуфт–а...
Ин суханони сарди янга Зўҳроро гўё мехкўб карданд, ў шармзадаю гунаҳкорона меистод ва мактубҳоро ба банди дилаш пахш мекард. Яке аз он мактубҳоро шамолак чанг зада гирифту бозингарона чархонид ва баъд рў–рўи ҳавлӣ пеш карда бурд.
Бегоҳ падарам аз ин воқеа огоҳ шуда, аммаамро хашмолуд садо кард. Ў бошад дари хонаро аз дарун баста бо овози гиряолуд якзайл такрор мекард: "Кушед ҳам, ғайри Нор ба касе намерасам".
Не, падару модари ман ба Нор ягон хусумат надоштанд.
Баръакс, хешигарӣ бо хонадони машҳуру сарватманди заргарон барои ҳар сокини деҳаи мо обрў буд. Вале вақте донистанд, ки Зўҳро аз онхо рустӣ бо ҷавоне ошноӣ кардааст ва онҳо қасди издивоҷ доранд, ин ба волидайнаш сахт расида буд.
Баъди ин воқеа обу ҳавои хонаи мо чандин рўз тира буд.
Падару модарам озурдахотир мегаштанд. Хандаҳои беғаши Зўҳро ҳам шунида намешуд.

пешина
аз 276
навбатӣ