Шоҳроҳи истиқлол

– Хуб, бигў, ки барои чӣ сохтаанд?
– Барои он ки чиниҳо ватанашонро пушти по зада нагурезанд!
– А?!
Ин ҷавоби Мирак чунон ногаҳонӣ буд, ки Пирак надонист дигар чи бигўяд.
– Ана, шўравиҳои мо низ аз чиниҳо омўхтаанд, гирдогирди мо панҷараи оҳанӣ бардоштаанд, то мо гурехта ба мулкҳои обод наравем.
– Рост мегўӣ, ҳатто дар ҳамин деҳаки исқотӣ бересмон бастаанд. Бошпурт намедиҳанд, то ки сар ба ягон гўшаи обод бизаниву шиками худ ва бачаҳоятро сер кунӣ ва аз «дафтари воми» мағоза бим набарӣ.
Мирак тоқиро аз сар гирифту ба замин зад.
– Рез оби ҳаётро! Агар ҳамин намебуд, ману ту кайҳо дар ин мотамсаро мағор мебастему мепўсидем бесадо.
Шиша холӣ шуду кор аз тардимоғӣ боло нарафт.
Ҳар ду сар ба сар монданд, болу пари хаёли танграви худро кушоданд, деҳро хона ба хонаву буна ба буна давр заданд, савобҷўе наёфтанд, магар ки боз ҳамон Шаҳрон, писари амаки Салмон.
Аммо Шаҳрони Салмон ёғӣ буд, мулаққаб ба Абри Осӣ буд, бо ў май хўрдан бо заҳр хўрдан мусовӣ буд...
Абрўи ҳар ду боз гиреҳ баста буд.
Ногоҳ чеҳраи яке шукуфо шуд. Ин чеҳраи Пирак буд, ки ба ёд овард, «оби ҳаёт» тамом шуда бошад ҳам, ҳанўз «дуди барот» боқист. Даст ба ҷайб бурд, анбончаи «пахолро» берун овард, оташ гиронд, бангро ба бонка рехт, қуттиро рўи оташ гузошт ва аз соқҳои миёнтиҳии карафс ду дудкаш бо чоқу бурид, яке ба Мирак доду дигар ба худ нигаҳ дошт. Ҳар ду дуди аз қуттӣ барояндаро бо ин найчаҳо дарун кашида, «кайф ҷустанд». Билохир баъди панҷ-ҳафт дақиқа кайфро ёфтанду рўи сабзаҳои соҳил дароз кашида, ба олами орзуҳои бебунёд фурў рафтанд.
Қариби бегоҳ ҳар ду баланд аз ҷо шуданд, то пагоҳ худо подшо гўён аз ҳам ҷудо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо