Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар сар ки хаёли қафассозӣ дорад, аз нияташ меёбад. Агар мақсаду мароми ҷовидониаш қафассозию домафканӣ набошад, чӣ хел ақлаш мерасад, ки дарандагони хашмгинро ром кунад ва ҷонварони азимҷуссаро осонакак аз по афтонда, кушад. Барои ба ҷисми гови тезшох найзаҳо задану қурбон кардан, матои сурхро ба кор мебарад. Аз пўсти баррачаи ҷингиламўи серўза телпак медўзад. Ҳатто шиками гўсфанди зиндаи бордорро чок карда, баррачаи дунёнадидаашро пўст меканад ва барои пўшондани як сари хомхаёли худ ду ҷонварро беҷон мекунад. Камон сохтан, дом гузоштан, рўи чоҳи кандаро хаспўш кардан, обро лой карда, моҳӣ гирифтан мақсади сайдафкании худи инсон аст,ки боз онро ба кори шайтон нисбат дода, худро мўсичаи бегуноҳ мегирад. Хаёл мекунам, ки ҳама ҷонзоди олам макру найрангро аз одам омўхтааст. Агар одам шох медошт, қиёматро дар ҳамин дунё барпо мекард.
Дар ҳақиқат шакли дунё ба қафаси бузург шабоҳат дорад ва одам дар ин маҳкама зиста, дар ҳамин ҷо мемирад. Барои ҳамқисмат пайдо кардан дом афкандаву қафас сохта, қасди тақдирашро аз дигар мавҷудот мегирад. «Алами Исоро аз Мўсо гирифтан хуб нест»–хулоса баровард соҳиби раҳмдилаш ва дар қафас будани худашро кифоя шумурда, хост кабкро аз қафас озод намояд. Вале ба ёдаш расид,ки кабки солҳо дар қафас бударо дарҳол ба майдони кушод сар додан мумкин нест, болҳояш мешикананд. Аввал парҳояшро қайчӣ зада, сабук кардан лозим, баъд…
Кабкро аз қафас озод карда, қанотҳояшро қайчӣ зад. Бо ин амал мурғаки бечораро аз имтиёзи озодона парвоз кардан маҳрум намуд. Бо вуҷуди ин кабк хушҳол буд. Аз зинаҳо оҳиста–оҳиста фаромада, дар замини ҳавлии хокаш нарм хоклутак мерафт. Ҳангоми донадиҳӣ баробари мурғон давида, ҳаққашро соҳиб мешуд. Фақат аз хурўси сурх метарсид.
Рўзҳои аввал хурўс кабкро ба мокиёнҳо наздик шудан намемонд. Ин корро шояд аз рашк мекард ва он бечораи дар ғами озодиро аз бари ҳамқисматонаш дур меронд. Баргашта майдонро холӣ дида, аз кардааш пушаймон мешуд. Зеро аз хўрдани дон бебаҳра мемонд. Маҳз ҳамин ҷиҳат маҷбураш кард, ки дигар ба кабк кордор нашавад. Вале аз ин миён чӣ гузашт, намедонам, кабки унсгирифта якбора аз доираи мурғон дур шуд. Танҳоиро ихтиёр карда, аксар дар таҳхонаю болохона маскан мегирифт. Соҳибаш гоҳо мурғаки гумшудаашро аз сари девору лаби бому тори дарахтони ҳамсояҳо пайдо мекард.

пешина
аз 276
навбатӣ