АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Навъҳои нави картошка, ки олимони тоҷик дар солҳои охир дар натиҷаи корҳои селексионӣ ба истеҳсолот пешниҳод кардаанд, аз қабили «Зарина», «Дўстӣ», «Файзобод», «Тоҷикистон», «Мўъминобод», «Рашт», «Шукрона», «Каримӣ», «Ғончӣ», «Овчӣ», «Сурхоб», «Дурахшон», «АН-1» ва дигарон ба деҳқонон ва дар минтақаҳои кўҳистон барои зиёд гардонидани тухмиҳои ин навъҳо Вазорати кишоварзии мамлакат ва ҳукуматҳои маҳал месазад, ки кўмаки амалии хешро расонанд.
Бояд қайд намуд, ки дар солҳои наздик мувофиқи Барномаи рушди соҳа, истеҳсоли картошка дар мамлакат бояд ба бештар аз як миллион тона расонида шавад. Барои ба ин мақсад ноил гаштан пеш аз ҳама тухмии аълосифати навъҳои нав ба миқдори бештар аз 120 ҳазор тона зарур аст.
Чунин тухмиро метавон дар ноҳияҳои калони картошкапарварии мамлакат, ба монанди Ҷиргатол, Кўҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ, Рашт, Ховалинг, Балҷувон ва дигар ноҳияҳияҳои кўҳӣ, ки шароити хуби агроэкологиро доранд парваиш кардан мумкин аст. Дар ин кор зарур аст, ки дар ин ноҳияҳо асосиатсияҳои махсуси тухмипарварӣ ташкил карда шавад. Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ягона чунин асосиатсияи тухмипарварӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо кўмаки Вазорати кишоварзӣ, Ҳукумати маҳалии ноҳия ва Агро Аксияи Олмон таъсис дода шудааст, ки ҳар сол ба миқдори бештар аз 1000 тонна тухмии аълосифати картошка истеҳсол карда, ба деҳқонон пешкаш менамояд.
Хуб мешуд, ки дар оянда чунин асосатсияҳои тухмипарварии картошка дар дигар ноҳияҳои кўҳии мамлакат, ки шароити хуби агроэкологӣ доранд ташкил карда шаванд. Чунки барои истеҳсоли бештар аз 120 ҳазор тона тухмии аълосифати картошка на камтар аз 5-7 ҳазор деҳқонони таҷрибанок бояд сафарбар карда шаванд. Ин деҳқонон бояд дар чунин асосиатсияҳо мутаҳид гардонида шуда, бояд ба истеҳсоли картошкаи хушсифати тухмӣ машғул гашта, картошкапарварони кишварро дар асоси шартномаҳои тарафайн бо тухми хушсифат тахмин намоянд. Мо оиди дар оянда мустаҳкам намудани алоқаи илму истеҳсолот ва таъсиси чунин сохтори нав доир ба навъбарорӣ ва тухмипарварии картошка дар расми 2 – и китоби мазкур маълумот пешкаш намудем ва умедвор ҳастем, ки ин таклифу тавсияи мо барои тақвият бахшидани раванди минбаъдаи соҳаи картошкапарварӣ кўмаки хешро хоҳад расонид.
Самти дигари минбаъдаи рушди илму истеҳсолот дар соҳаи картошкапарварӣ ин мустаҳкам намудани базаи истеҳсолӣ ба шумор меравад. Ба олимони тоҷик пеш аз ҳама пайдо намудану самаранок истифода бурдани маводҳои лабораторӣ, кимиёвӣ ва дигар лавозимотҳои озмоишӣ зарурияти аввалиндараҷа доранд.
Аз сабаби оне, ки бисёре аз ин маводҳои кимиёвӣ, ки дар ҷараёни бо усулҳои биотехнологӣ солим гардонидани тухми картошка заруранд, аз беруни кишвар, аз дигар давалатҳо харидорӣ карда мешаванд. Мутаассифона ин маводҳо хело қиммату гаронанд, дар аксар ҳолатҳо норасогии маблағҳо садди корҳои илмӣ мегарданд. Дар натиҷа корҳои тухмипарварии солими картошка ба таъхир гузошта мешаванд ва сари вақт деҳқонон бо чунин тухмиҳои хушсифат таъмин намегарданд. Аз ин ру ҳосилнокии картошка дар аксари хоҷагиҳо паст гашта, ба баланд шудани нархи картошка дар саросари кишвар оварда мерасонад.
Мушкилоти дигари соҳа дар он аст, ки дар аксари ноҳияҳои мамлакат техникаҳои истифодашаванда хело фартуда ва кўҳна шудаанд, ки боиси сарфу харҷи зиёдатӣ мегарданд. Дар бисёре аз ноҳияҳо баъди ислоҳоти замин хоҷагиҳои нави инфиродии деҳқонӣ ташкил шудаанд, ки роҳбарии онҳоро шахсони маълумоти кофии истифода бурдани обу замин, тухмӣ ва дигар ресурсҳоро надоранд, ба дўш доранд. Бинобар ин ба роҳбарони ҳукуматҳои маҳал, мутахассисону олимони соҳа ва Вазорати кишоварзии мамлакат зарур аст, ки дар ин самт корҳои аз нав омўзии деҳқоноро оиди усулҳои интенсивии истеҳсоли картошка ва дигар чораҳои амалиро ҷоннок намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ