Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

ХУЛОСАҲО
Соҳаи картошкапарварӣ дар таъмин намудани амнияти бехатарии озўқавории мамлакат саҳми арзандаро ишғол намуда, барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва паст гаштани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим дорад. Бинобар ин Ҳукумати Тоҷикистон доимо дар ҷустуҷуи роҳҳои афзоиш додани истеҳсоли картошка дар кишвар мебошад. Аз ин ҷост, ки соли 2012 Барномаи рушди картошкапарварӣ барои солҳои 2012 – 2016 қабул гардид, ки он аз олимону деҳқонон тақозо менамояд, ки барои афзун гаштани истеҳсоли картошка дар кишвар саҳми арзандаро гузоранд.
Махсусан, барои пешрафти минбаъдаи соҳаи картошкапарварӣ ҷоннок намудани корҳои селексионӣ ва тухмипарвиро дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растниҳои АИ ҶТ, Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, дар Университети аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дар дигар ташкилотҳои илмию истеҳсолӣ бояд пурзур намуд.
Дар ин раванд Вазорати иқтисодиёт, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бояд дар мустаҳкам намудани алоқаи илму истеҳсолот, ҷорӣ намудани навъҳои нав, мустаҳкам гардонидани базаи илмии муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва ҳаматарафа дастгирӣ намудани картошкапарварон фаъолиятҳои амалиро пурзўр намоянд.
Минбаъд ба олимони мамлакат зарур аст, ки алоқа ва робитаҳои илмиро ба олимони Маркази умуҷаҳонии картошка, ба олимони Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Олмон, Ҳолланд, Амрико, Ирон ва дигар мамлакатҳои пешрафта мустаҳкам намуда, дар ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами онҳо дар бахши картошкапарварии кишварамон талош варзанд.
Инчунин, яке аз масъалаҳои зарурии ин соҳа, ин тайёр намудани мутахассисони лаёқатанд ва олимони ҷавон баҳри иҷрои корҳои илмию истеҳсолӣ дар бахши картошкапарварии диёрамон бо шумор меравад. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм фаъолиятҳои амалиро мебояд пурзўр гардонида, дар равона сохтани неруи ихтирокории ҷавонон дар донишкадаҳои мамлакат мусобиқаҳои илмӣ ва зарурияти тақвиятбахшии соҳаро дар оянда ба нақша гирад.

пешина
аз 99
навбатӣ