АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

ПАРТОЕВ ҚУРБОНАЛӢ
Партоев Қ. соли 1973 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1973-1983 дар Институти «Зироаткор»-и АИКТТАДҚИҚОТҲОИ илмиро оиди селексияи пахта гузаронида, соли 1982 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Изменение признаков хлопчатника и наследование их под влиянием опыления облученной конценритрованным солнечным светом пыльцой» бо ихтисоси 06.01.05 – «селекция и семеноводство»
дар ш. Тошкант дифоъ намудааст. Партоев Қ. соли 1984 корҳои илмро дар бахши картошкапарварӣ оғоз намуда, то кунун аз бисёр мамлакатҳо намунаҳои гуногуни картошкаро ҷамъ оварда, коллексияи ғаниро (бештар аз 300 номгўй) ташкил намуд.
Комиссияи Умумииттифоқии Аттестатсиони (ВАК) – и СССР соли 1990 ўро бо дипломи Ходими калони илмӣ сазовор гардонид. Аз соли 2008 то кунун дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Рисолаи докториашро соли 2013 дар мавзўи «Особенности селекции и семеноводства картофеля в горной зоне Таджикистана» дар ш. Қазони Федератсияи Русия дифоъ намуд. Бештар аз 300 мақолаҳо, тавсияномаҳо ва китобҳоро нашр кардааст. Муаллифи ҳафт навъи картошка: «Зарина», «Дўстӣ», «Файзобод», «Рашт», «Тоҷикистон», «Академия наук-1», «Сурхоб», навъи топинамбур - «Сарват» ва як патент мебошад. Уро Президиуми Академияи илмҳои ҶТ солҳои 2013 ва 2015 ба Ифтихорнома (Почётная грамота)-и АИ ҶТ сарфароз гардонидааст. Вай ба якчанд мамлакатҳои хориҷӣ сафарҳои хизматӣ намудааст.
АЛИЕВ ҚУРБОН АЛИЕВИЧ
Алиев Қ. А. соли 1962 Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.
Ленинро дар ш. Душанбе хатм намуда, солҳои 1962-1963 – лаборанти калон, солҳои 1963-1964 – коромўз-тадқиқотчӣ шуда кор кардааст. Солҳои 1964-1967 дар лабораторияи энзимологияи Институти биохимияи ба номи А.Н. Бах ҳамчун аспирант фаъолият намудааст. Ў дар солҳои 1967-1970 ходими хурди илмӣ, солҳои 1970-1973 ҳамчун ходими калони илмии Институти физиология ва биофизикаи растании АИ ҶТ адои вазифа намудааст. Ў дар соли 1972 озмоишгоҳи биологияи молекулавии хлоропластҳоро ташкил намуда, то кунун ба ҳайси мудири озмоишгоҳи биологияи молекулявӣ ва биотехнологияи растанӣ адои вазифа менамояд. Қ. Алиев дар соли 1969 дар ш. Москва рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Аминоцил-т РНКсинтетазы и транспортные РНЛ хлоропластов и цитоплазмы проростков гороха» ва дар соли 1985 рисолаи докториашро дар мавзўи «Молекулярные механизмы биогенеза хлоропластов» дар ш. Минск ҳимоя намуд. Дар соли 1991 бо унвони профессор дар соҳаи «биологияи молекулявӣ» сарфароз гардонида шуд. Дар соли 1997 аз рўи ихтисоси «Биологияи молекулавӣ» узви вобастаи АИ ҶТ интихоб гардидааст.
Зери роҳбарии ў 30 нафар рисолҳои номзадӣ ва докториро дифоъ намудаанд. Қ.
Алиев муаллифи бештар аз 250 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 4 монография ба табъ расидааст. Алиев Қ. муаллифи ду ихтироъот, як патент ва муаллифи навъҳои картошка «Дўстӣ», «Файзобод», «Тоҷикистон», «Рашт», «Мўъминбод» ва «Академия наук-1 мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ўро дар соли 1999 бо ордени «Шараф» ва дар соли 2011 бошад бо унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Ба бисёр мамлакатҳо сафар намуда, ҳоло ба ҷустуҷўи кашфётҳои нави илмӣ машғул аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ