Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз ин рў барои пешгирии сирояти картошка аз ин касалиҳо чораҳои иловагии муҳофизатӣ зарур мешаванд.
Дар минтақаи кўҳӣ (1800-2000 м ва аз он баландтар) касалиҳои вирусӣ ва вироидии готика камтар мушоҳида мешаванд, суръати паҳн-шавии суст доранд, ки ин пеш аз ҳама ба зичии пасти популятсияҳои саҳроии ҳашароти гузаронандаи сироят (ширинчаҳо, канаҳои саҳроӣ ва қ.) алоқаманд аст. Аз тарафи дигар, дар қитъаҳои кўҳӣ столбур ва ришташаклии нешаки лўндаҳо қариб тамоман дучор намешаванд. Ҳамаи ин ва шароитҳои хуби хоку иқлим ба рўёнидани ҳосили баланди картошкаи истеъмолию парвариши тухмии хушсифати ин зироат мусоидат мекунанд. Ин аст, ки корҳои оиди афзоишдиҳии картошкаи пайдоишаш меристемагӣ аз сироят озод дар хоҷагиҳои кўҳӣ қарор гирифт. Ба ин мақсад қитъаҳои кушоду сершамол, ширинчаҳояшон ниҳоят кам, аз картошкаи истеъмолӣ ва боқоту зироати сабзавотӣ дуртар истифода мешаванд.
Натиҷаи ин корҳо мусбат аст; сирояти картошка аз вирусҳои хеле хавфноки бештар бо ширинчаҳо паҳн-шавандаи У,L,М ва ВДЛК назаррас нест. Чунин қитъаҳо дар ноҳияҳои гуногуни кўҳии ҷумҳурӣ кам нестанд ва агар онҳо ҳамчун афзоишгоҳи картошкаи тухмии бо усулҳои биотехнологӣ истеҳсолшуда истифода гарданд, самараи баланд хоҳад дод(Каримов, 1995). Аз тарафи дигар, ба картошкапарварони водиҳо барои кишт истифода намудани тухмии репродуксияи кўҳиро, ки ҳосилнокиаш аз лўндаҳои маҳаллию аз кишварҳои дигар овардашуда баландтар аст, тавсия мегардад.
Муайян миқдори ниҳолҳо дар картошказор. Миқдори ҷойгиршавии ниҳолҳои картошказорро дар майдон баъди 10-12 рўзи баромадани ниҳолҳо муайян мекунанд. Агар майдонҳои кишт васеъ бошанд, барои объективии маълумотҳо ин корро камаш дар 3-4 нуқтаҳои хоҷагӣ, ки хок, дараҳаи агротехника, шароитҳои обу ҳавои онҳо аз якдигар то андозае фарқ мекунанд, мегузаронанд.
Дар киштзори навъи муайян ба диагонали он қитъаҳои ҳисобии дарозиашон 14,3 метраи 2 қаториро муайян менамоянд.
Миқдори қитъаҳои ҳисобӣ ба андозаи майдони кишт вобаста аст, то 10 га – 5, то 20 га-10, бештар аз 10 га – 15 қитъача ва ғайра.

пешина
аз 99
навбатӣ