Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар минтақаи доманакўҳӣ (1200 м то 1700 -1800 м аз сатҳи баҳр) паҳноии касалиҳои ВВМ-и картошка хусусиятҳои хоси худро дорад. Шароитҳои агроиқлимии ин минтақа барои рўёнидани ҳосили баланди картошка мусоиданд; дар қитъаҳои алоҳида то 350-400 с/га ва аз ин зиёдтар ҳосил мегиранд. Вале дар айни замон дар ин минтақа растани-ҳои картошка аз ин гурўҳи касалиҳо пурра эмин намемонанд. Касалиҳои вирусии нақшҳои рах-рах, ҷини нақшини баргҳо, вироидии готика ва баъзе иллатҳои дигар ба картошказор зарари муайян мерасонанд, ҳарчанд, ки назар ба шароитҳои водигӣ дар ин минтақа сусттар паҳн мешаванд ва инкишофи миёна доранд. Бо ин сабаб имконияти дар минтақаи доманакўҳӣ ташкил кардани хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии солими картошка маҳдуд мебошад. Ин маҳдудият инчунин бо сабаби дар бисёр ноҳияҳои доманакўҳӣ паҳн гардидани микоплазмози пажмурдашавии столбурии растаниҳои картошка афзун мегардад. Аломатҳои касалӣ дар қатшавӣ ва сурхчатоб (антотсианӣ) гардидани баргҳои болоӣ, хурдшавии андозаи онҳо, пайдоиши лўндачаҳои бақали баргҳо ифода меёбад. Аксари растаниҳои сироятгирифта пажмурда мешаванд ва қариб тамоман ҳосил надода лўндачаҳои навташкилашон дар зери бех пажмурда (маизшакл) мегарданд.
Аломатҳои сирояти столбур моҳҳои августу сентябр хубтар аён мешаванд.
Иллати дигари картошкаи минтақаи наздикўҳӣ- ин ришташаклии нешакҳо ва неш назадани лўндаҳо мебошад, ки ба сифатҳои тухмии ин зироат зарари калон мерасонад. Ин иллати картошка ба касалии столбур алоқаманд буда, дар ҳама мавзеъҳои паҳншавии он дучор меояд ва дар минтақаҳои водигӣ ва кўҳӣ, дар шароитҳое, ки столбур вуҷуд надорад, ришташаклии лўндаҳо қариб тамоман мушоҳида намешавад (Каримов, 1975).
Ба ҳамин тариқ, дар минтақаи доманакўҳии Тоҷикистон касалиҳои вирусӣ ва вироидии готикаи картошка дараҷаи миёнаи паҳншавӣ доранд; ареали столбур ва ришташаклии ба он алоқаманди нешаки лўндаҳо асосан ба ин минтақа рост меояд. Ва бо ин сабаб пешакӣ неш занонидани лўндаҳои тухмӣ чорабинии ҳатмии картошкаи тухмии пайдоишаш доманакўҳӣ ба ҳисоб меравад. Агар ин чорабинӣ гузаронида нашавад, дар киштзор растаниҳои инкишофашон суст (аз нешакҳои борик сабзида) бисёр шуданашон мумкин (баъзан то 10-15 фоиз) ё майдон сирак мегардад.

пешина
аз 99
навбатӣ