Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар муддати солҳои 2006-2012 бо усули афзоишдиҳии биотехнологӣ дар шароити озмоишгоҳ, гармхонаҳо ва саҳрои кушоди аз барангезандагони касалиҳои вирусӣ дар минтақаи кўҳӣ озод, дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр дар шароити ноҳияи Ҷиргатолу дигар ноҳияҳои кўҳӣ санҷида шудааст. Дар соли 2011 ба ин навъ номи «Тоҷикистон» дода шуда, ба Комиссияи давлати навъсанҷии Вазорати кишоварзӣ супроида шуд. Ин навъи нави картошка дар муддати солҳои 2011-2014 дар шароити ноҳияҳои гуногуни кўҳӣ аз тарафи Комиссияи давлатии навъсанҷӣ омўхта шуда, дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шуд (шаҳодатномаи № 101 аз 15 апрели соли 2015).
Ҳоло ин навъ дар шароити ноҳияҳои Ҷиргатол, Ғончӣ, Мўъминобод, Файзобод, Ховалинг ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ парвариш меёбад. Дарозии пояи навъ ба 80 - 100 см расида, сербарг мебошад. Давраи гулафшониаш он қадар давомнок набуда, ранги гулаш бунавш мебошад. Ғўрабандиаш кам ва ғўраҳои ҳаҷман хурд дорад. Лўндаҳояш сурхи баланд, кулула ва дарозшаклмебошанд. Чашмакҳои лўндаҳо нисбатан чуқур ва рангашон бунавш мебошад. Дар мағзи лўндаҳо хати бунвш дида мешавад. Навъ миёнапази дерӣ буда, давомнокии вегетативиаш 110-120- рўзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол 9-12 дона лўнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 70-90 г аст. Ҳосилнокӣ ба 350 – 450 с/га мерасад. Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурўғӣ тобовар аст.
Навъи «Рашт». Дар натиҷаи дурагакунии линияҳои селексионии картошка C92.140 x 92.187 (дурагакунӣ дар Маркази умумҷаҳонии картошка - СИП дар соли 1999 гузаронида шудааст)ба даст оварда шудааст. Дар руйхати навъҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, навъ ҳамчун Клони 47/8, дар руйхати навъҳои Маркази умумҷаҳонии картошка (СИП) зери рақами 303414.108 ба қайд гирифта шудааст (муаллифон: (муаллифон: Партоев Қ., Алиев Қ., Назарова Н., Наимов А., Меликов К., Сабоиев И.).Дар муддати солҳои 2006-2012 бо усули афзоишдиҳии биотехнологӣ дар шароити озмоишгоҳ, гармхонаҳо ва саҳрои кушоди аз барангезандагони касалиҳои вирусӣ дар минтақаи кўҳӣ озод дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр дар шароити ноҳияи Ҷиргатолу дигар ноҳияҳои кўҳӣ санҷида шудааст.

пешина
аз 99
навбатӣ