АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Дар муддати солҳои 2006-2011 бо усули афзоишдиҳии биотехнологӣ дар шароити озмоишгоҳ, гармхонаҳо ва саҳрои кушоди аз барангезандагони касалиҳои вирусӣ дар минтақаи кўҳӣ озод дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр дар шароити ноҳияи Ҷиргатолу дигар ноҳияҳои кўҳӣ санҷида шудааст. Дар соли 2010 ба ин навъ номи Файзобод дода шуда, ба Комиссияи давлати навъсанҷии Вазорати кишоварзӣ супроида шуд. Ин навъи нави картошка дар муддати солҳои 2010-2012 дар шароити ноҳяҳои гуногуни кўҳӣ аз тарафи Комиссияи давлатии навъсанҷӣ омўхта шуда, дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шуд (шаҳодатномаи № 95 аз 25 апрели соли 2013).
Навъи Файзобод дар натиҷаи ҳамкориҳои олимони тоҷик аз Институти ботаника, физиология и генетикаи растениҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷӣкистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Тухмипарвар» ва Маркази умумҷаҳонии картошка (Перу) ба даст оварда шудааст.
Ҳоло ин навъ дар шароити ноҳияҳо Ҷиргатол, Ғончӣ, Мўъминобод, Файзобод ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ парвариш меёбад.
Баландии пояи навъ ба 70- 80 смрасида,сербарг мебошад. Давраи гулафшониаш тўлонӣ буда, ранги гулаш сафед аст.
Ғўрабандиаш миёна буда,ғўраҳои ҳаҷман миёна дорад. Лўндаҳояш сафед ва шакли кулула ва дарозшакл доранд. Чашмакҳои лўндаҳо рўяк ҷойгир шудаанд ва ранги чашмакҳо ва майсааш сафед аст.
Навъ миёнапази дерӣ буда, давомнокии вегетативиаш 110- 120- рўзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол 8-11 дона лўнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 75-85 г аст. Ҳосилнокӣ ба 350 – 450 с/га мерасад. Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурўғӣ тобовар мебошад.
Навъи «Тоҷикистон». Дар натиҷаи дурагакунии линияҳои селексионии картошка 387521.3 х Aphrodite (дурагакунӣ дар Маркази умумҷаҳонии картошка - СИП дар соли 1999 гузаронида шудааст)ба даст оварда шудааст. Дар руйхати навъҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, навъ ҳамчун Дурага(Гибрид)- и 23, дар руйхати навъҳои Маркази умумҷаҳонии картошка (СИП) зери рақами 392797.22; UNICA ба қайд гирифта шудааст (муаллифон: Партоев Қ., Алиев Қ., Меликов Қ., Давлятназарова З., Ҷумаҳмадов А., Назарова Н.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё