АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Ба картошказор бояд баъди ҳар 5-7 рўз як бор об монда шавад. Дар маҷмўъ бояд ба картошказори барвақтӣ 4-6 маротиба об дода шавад. Сарфи об дар ҳар обдиҳӣ дар 1 га бояд 500-600 метри кубиро ташкил диҳад.
Бояд қайд намуд, ки аксари навъҳои картошкаи тезпаз дар шароити гарми водӣ, шонаи ниҳолҳо ба гул табдил нагашта мерезад. Бинобар ин дар сурати парвариш ёфтани чунин навъҳо бояд фирефтаи гулкунии ниҳолҳо нагашта, обдиҳии якуми картошказорро аз рўзи баромади ниҳолҳо бояд муайян намуд.
Мўҳлати гузаронидани оби якууми картошказор дар водҳои Вахшу Кўлоб дар даҳрўзаи охири моҳи апрел, дар водии Ҳисор бошад дар даҳрўзаи дуюми моҳи май рост меояд, ки ин тахминан ба 35-40 рўз аз рўзи баромадани ниҳолҳо рост меояд. Обдиҳии картошказори барвақтӣ 5-7 рўз пеш аз чидани ҳосил бояд қатъ гардад.
Истифодабарии алафкўшакҳо (гербисидҳо). Моддаҳои химиявие, ки бо номи гербисидҳо дар картошкапарварӣ истифода мегарданд, барои бе сарфи қувваи корӣ нест намудани алафҳои бегонаи картошказор аҳамияти калон доранд.
Вале бо пош хўрдани системаи собиқаи Шўравӣ пайдо намудани ин гербисидҳо мушкил гашт ва дар шаритои истеҳсолот ин моддаҳои химиявӣ ҳоло хело кам иситфода мегарданд. Вале яке аз гербисидҳои хело паҳнгашат ин прометрин мебошад, ки истифодабарии он то баромади ниҳолҳо метавонад то 80 фоизи алафҳои бегонаи яксоларо нобуд созад.
Ин гербесидро дар хокҳои камғизо то 3 кг ва дар хокҳои серғизо бошад то5 кг дар 200-400 литр об маҳлул тайёр намуда, ба 1га пеш аз баромадани ниҳолҳо мепошанд. Гербисиди дигаре, ки дар картошказор истифода бурда мешавад ин зенкор (метрибузин) аст. Сарфи ин алафкўшак дар 1 га 1-2 кг дар 200-400литр об мебошад.
Барои якбора нест сохтани ҳам алафҳои яксола ва бисёрсола дар якҷоягӣ гербисидҳои прометрин ва трихлорасетети натрий (3+ 7кг/га) истифода мешаванд. Дар вақти истифода намудани алафкўшакҳо аз қоидаҳои бехатарӣ бояд истифода бурд.
Муборизаи зидди ҳашароту касалиҳои картошказор. Ба картошка-зори барвақтӣ асосан кирми тирамоҳӣ, ки вай пояи ниҳолҳои ҷавонро дар фасли баҳор бурида хушк месозад, зарари калон мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё