АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Қисми боқимондаи нуриҳои маъданиро, яъне 25 фоизи зарурии нуриҳои нитрогениро ба 15 фоизи боқимондаи нуриҳои фосфориву калийдор омехта карда дар ғизодиҳии якуми картошказор ва 25 фоизи боқимондаи нуриҳои нитрогениро дар ғизодиҳии дуюми картошказор андохтан лозим аст.
Бо ҳамин тариқ барои ба даст овардани ҳосили 150-200 сентнерии картошкаи барвақтӣ бояд дар 1 га картошказор 100- 130 кг нуриҳои нитрогендор, 100-130 кг нуриҳои фосфорӣ ва 150- 180 кг нуриҳои калийдор (ба намуди моддаҳои таъсиркунандаи ин нуриҳо) андохта шаванд. Агар ин миқдори нуриҳоро ба намуди вазни мутлақи (вазни физикии нуриҳо) нишон диҳем, пас ба як гектар 380-400 кг нуриҳои нитрогендор, 600-700кг нуриҳои фосфорӣ ва 250-300кг нуриҳои калийдор дар 1 га картошказор андохтан лозим аст. Бояд қайд намуд, ки сарфи нуриҳо аз миқдори тозаи моддаи таъсиркунандаи ин ё он нурӣ метавонад кам ё ин ки зиёд гардад.
Обмонии картошказор. Картошкаи барвақтӣ ба намнокии қабати хок ва обдиҳии саривақтӣ эҳтиёҷи калон дорад. Чунки, дар шароити водӣ вақти гулкунӣ ва лўндапартоии картошка дар давраи нисбатан баланд гаштани ҳарорати ҳаво рост меояд.
Бинобар ин ба картошказори барвақтӣ вобаста аз намуду қобилияти намнигоҳдории хок бояд дар давраи шонабандии ниҳолҳо ( то пайдо гаштани гулҳои аввалини ниҳолҳо) як бор оби сабук додан лозим аст. Сифати баланди обмонӣ ба ҳамвории замин ва дарозии ҷўйякҳои картошказор вобаста аст.
Таҷрибаҳои илмӣ ва хоҷагиҳои пешқадам нишон медиҳанд, ки дарозии ҷўйякҳо бояд 60- 80 метрро ташкил намояд. Чунин дарозии ҷўйякҳо барои хушсифат гузаронидани обдиҳӣ ва сарфа гаштани миқдори об мегардад. Барои оне, ки картошкаи барвақтӣ нағз нашъу намо ёбад, меъёри зарурии намнокии хок дар чуқурии 15-20см дар давраи шонабандии ниҳолҳо бояд 65-70 фоиз, дар давраи гулкунӣ бояд 75-80 фоиз, дар давраи баъд аз гулкунии (лўнда- партои)-и ниҳолҳо 60-65фоизро ташкил намояд.
Махсусан, оби якуми картошказор бояд бо сифати баланд(миқдори ками об дар ҷўйякҳо ва бо суръати паст ҳаракат намудани об) гузаронида шавад, то ин ки об боиси чуқур гаштани ҷўйякҳо ва шўста бурдани моддаҳои ғизоии назди решаи ниҳолҳо нагардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё