Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар ин кор деҳқонон бештар парвардаи ин зироатро истифода мебаранд.
Миқдори боришот дар давоми сол дар ноҳияҳои водии минтақа 200-600мм буда, давраи бехунукӣ 230-248 рўзро ташкил медиҳад. Миқдори ҳарорати зиёда аз +10 °C дар муддати сол 45,00–53,50 °C–ро ташкил дода, ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл 28–30 °C мебошад.
Дар ин минтақа инчунин ноҳияҳои наздикўҳӣ ва кўҳӣ низ воқеъанд, ки онҳо дар баландии 800-2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштаанд (қисми минтақаи Кулоб). Дар ин ноҳияҳо картошкаро асосан моҳҳои апрел – май кишт намуда, ҳосили дилхоҳи ин зироатро ба даст меоранд.
Миқдори боришот дар ин ноҳияҳо дар муддати сол 650-800мм буда, давраи бехунукӣ 166-230 рўзро ташкил медиҳад.
Миқдори ҳарорати зиёда аз +10 °C дар муддати сол 22,00–46,50 °C–ро ташкил дода, ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл 19–24 °C аст.
Хокҳои ноҳияҳои қисми водигии минтақа асосан хокистаранги муқарарӣ, марқзорӣ, сиёҳ, ҷигарранг ва ботлоқӣ буда, хокҳои ноҳияҳои наздикўҳӣ ва кўҳӣ бошад хокистаранги ҷигарӣ, карбонатӣ-кўҳӣ ва муқарарӣ мебошанд.
Минтақаи вилояти Сўғд. Ин минтақаи қисми шимолии ҷумҳурӣ буда, картошка дар ноҳияҳои водигӣ дар моҳҳои март кишт карда шуда, дар ноҳияҳои кўҳии минтақа, кишти картошка дар моҳҳои апрел ва май сурат мегирад. Ноҳияҳои водигии минтақа дар баландии 350-600 м, ноҳияҳои назди кўҳӣ ва кўҳӣ бошанд дар баландии 600 – 2200м аз сатҳи баҳр қарор доранд. Миқдори боришот дар баландии 350-600м -100 – 300мм, дар баландии 600-2200 м бошад – 180-600мм-ро ташкил медиҳад.
Давомнокии давраи бехунукӣ дар водиҳо 220- 240 рўз ва дар кўҳҳо бошад 165-220 рўзро ташкил менамояд. Миқдори ҳарорати зиёда аз +10 °C дар муддати сол дар водӣ 46,00–48,00 °C, дар ноҳияҳои кўҳӣ бошад 18,00–23,00 °C –ро ташкил медиҳад.
Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо моҳи июл 26–30 °C, дар ноҳияҳои кўҳӣ бошад 18–22 °C аст.
Хокҳои бештари ноҳияҳои минтақа асосан марғзории сафед, муқарарӣ ва сиёҳ мебошанд. Дар ин ҷо инчунин заминҳои серсангу сергил низ дучор мегарданд, ки онҳо барои картошкапарварӣ чандон мувофиқ нестанд.

пешина
аз 99
навбатӣ