АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Боби 4. ОИДИ САБЗИШИ КАРТОШКА
4.1. Омилҳои сабзиши картошка.
Картошка қариб дар ҳамаи мамлакатҳои дунё кишт карда шуда, сарҳади парвариши вай аз Шимоли Дур(70-710 а.ш.) сар шуда то Қутби Ҷанубӣ(45-460 а.ҷ.)давом менамояд, ки ин худ нишонаи сердоштии ин зироатро нишон медиҳад.
Растании картошка дар муддати нашъу намояш панҷ давраи асосиро аз сар мегузаронад. Давраи якўм аз сабзидани майсаи лўндаҳо то баромадани ниҳолҳо аз зери хок. Дар ин давра оҳар ба қанд мубаддал гашта, ба воситаи зарфҳои борики дохили лўнда ба майсаҳои чашмакҳо захира мегардад. Дар натиҷа муғчаҳои чашмакҳо варам карда месабзанд. Инчунин дар қисми дигари майса бошад, решачаҳои хурд низ пайдо мегарданд. Давраи дўюм аз пайдо гаштани баргҳои сабзи аввал то пайдо гаштани шонаро дар бар мегирад. Давраи сеюм – аз шонабандӣ то гулкуниро ишғол менамояд. Дар ин давра бо суръати баланд меварешаҳо пайдо шуда, инкишофи баргу пояи ниҳолҳо меафзояд, лўндачаҳои хурд пайдо мегарданд. Тараққиёти тези ниҳолҳо дар ин давра реҷаи дурусти обмонӣ ва ғизодиҳиро талаб менамояд.
Давраи чорум аз саршавии гулкунӣ то хушк гаштани баргу пояи ниҳолҳоро дар бар мегирад. Қариб 75 фоизи ҳосили лўндаҳо дар ин давра пайдо мегарданд ва дар як шабонарўз дар майдони кишт ба миқдори 1-2 т/га ҳосил зам мегардад.Давраи панҷум аз хушк гаштани баргу поя ва тамоман ғалтидани пояи ниҳолҳоро дар бар мегирад. Ин давраи физиологии пўхта расидани ҳосил ба шумор рафта, дар ин давра пўсти лўндаҳо ғафс ва сахт мегардад. Лўндаҳо баъди ин ба ҳолати оромӣ мегузаранд.
Дар просеси дуру дарози филогенези ин зироат талаботи муайяни вай ба омилҳои зарурии сабзиш – ҳарорат, рушноӣ, ҳаво, намнокӣ ва моддаҳои ғизоӣ ба амал омадааст.
Ҳарорат. Картошка ба ҳарорати хоку ҳаво эҳтиёҷи калон дорад. Лўндаҳои вай асосан дар ҳолате, ки ҳарорати хок дар чуқурии 6-12 см ба 7–8 °C мерасад, тез месабзанд. Бинобар ин лўндаҳои картошкаро дар ҳолате, ки дар чуқурии 10 см ҳарорати хок ба 7–8 °C расад, мешинонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё