Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Агар он занро бинед, мешиносед?
– Гуфта наметавонам, шояд шиносам, шояд не.
Он вақт мо дар дохили «Волво» додугирифт намудем ва паризод лаҳзае ману Солеҳро танҳо гузошта, рўи роҳ баромад.
– Ин ҳодиса кай буд?
– Чор сол пеш. Мавсими зардолупаз буд. Чунки ронанда ҳангоми бозгашт ба назди мо чанд дона зардолу чида омад ва ҳатто ду донаашро ба ман дод.
– Додугирифт ҳамин қадар мешавад. Наход ўро бинеду нашиносед?
– Чор сол гузашт, Худо медонад.
– Ягон нишонае, ки дар хотир монад, надошт.
– Дар байни ҳарду абрӯвонаш холи на чандон калоне дошт.
– Агар боз ягон ҳолати корро ба ёд оваред, ба воситаи майор Ҳамроев маро ёфта метавонед, - гўён Сорбони Ҳомид барои рафтани Файзуллоев рухсат дод. Баробари дарро кушодан Файзуллоевро васияш, ки то ба ин ҷо гуселаш намуда буд, ба зери ҳимояи хеш гирифт…
Сорбони Ҳомид ҳанўз аз ҷой нахеста ҳаракатҳои минбаъдаи хешро ба нақша гирифт, аниқтараш ба нақшаи ҳаракатҳои минбаъдааш тағйироту иловаҳои нав ворид кард.
Акнун баъди аз колония берун омадан ўро лозим буд, ки на ба ҷустуҷўи Сабоҳати Маҳмад, балки ба идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ рафта, муайян намояд, ки чор сол пеш мошини «Волво» – и рангаш сабз рақами охиринаш 48 ба кӣ тааллуқ доштааст.
Капитани милитса боз ба утоқи кории майори хизмати дохилӣ Ҳамроев рафт ва баъди каме суҳбат бо ў низ хайрухуш кард. Муддати солҳои кориаш ў на як бору ду бор ба чунин колонияҳо омада буд ва ҳамеша баъди аз он ҷо баромадан авзояш парешон мешуд.
Агар хоҳиши Ҳамид Ҷовид намешуд, шояд корро то фардо мавқуф мегузошт, зеро дарди сахти сарро ҳис кард, вале ҳоло дигар мавриди андеша набуд. Ҳар чӣ тезтар ў бояд корро анҷом медод. Кор натиҷа медод ё не, ў намедонист.
Сари ҳамин андешаҳо то ба роҳи калон баромад ва аз он ҷо ба таксие нишаста то идораи БДА рафт. Раёсати БДА дар маҳаллае воқеъ гардида буд, ки роҳ аз он ҷо ба самти водии Ҳисор мебурд ва шояд Солеҳ Ҷалил ҳам ба ҷойи вохўрӣ бо Файзуллоев чор сол пеш аз ҳамин роҳ рафта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё