Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои дар идораи БДА маҳфузбуда ў дарёфт, ки дар ҳақиқат чор сол пеш мошини «Волво»–и рангаш сабз, рақами давлатиаш Б 26-48 РТ01 ба шаҳрванд Хоҷаева Лайлӣ Анваровна мутаалиқ будааст.
Ҳаракати минбаъдаи нақлиёт аз рўйи ҳуҷатҳо аз он гувоҳӣ медод, ки мошини мазкур ду сол пеш аз қайди раёсати БДА - и ҷумҳурӣ бинобар ба шаҳрванди ҷумҳурии Қирғизистон фурўхта шуданаш бароварда шудааст. Капитани милиса аз китоби қайди мошинҳо суроғаи собиқ ронандаи «Волво» - ро ба дафтарчааш навишт. Чун берун баромад, офтобро дар ғуруб дид, вале вазъи ҳамкорони хешро дар ноҳияи Гулобод ба ёд оварда, аз пайи супориши навбатии Ҳамид Ҷовид шуд…
Ҳарчанд аз рўйи суроғаи дар дасташ буда манзили Лайлӣ ба идораи БДА наздиктар буд, ў ба он ҷо рафтанро ба рўзи дигар монд. Ба таксие нишаста ба гўшаи дигари шаҳр рафт ва дар маҳаллаи Гулбутта хонаи Сабоҳати Маҳмадро ёфт. Дар бораи Сабоҳат ҳам ў ба таври оперативӣ маълумот ба даст овард. Пиразане, ки модари Сабоҳат - Обидаро мешинохтааст, изҳори таассуф намуд, ки Обидаю Маҳмад аз рўйи нафси бадашон духтари ноболиғро соли гузашта ба марди калонсол ба шавҳар доданд.
– Охир ҳаёти духтарро сўзонданд.
–Чӣ хел сўзонданд?
– Ба наздикӣ овоза шуд, ки он мардро, ки Солеҳ ном дошт, ба қатл расонданд. Духтар бошад, дар батнаш тифли шашмоҳа дорад. Духтар ҳанўз ба ҳабдаҳ нарасида, баҳори умраш хазон гашт.
– Ҳоло падари Сабоҳат дар куҷост?
– Дар куҷо мешуд? Дар Россия. Мегўянд, ки чун ҳама тоҷикони дигар мардикорӣ карда гаштааст, вале ман асло бовар намекунам.
– Чаро?
– Охир, агар падари Сабоҳат кор мекард, қарздор мешуд?
Ў соли гузашта аз Россия омаду духтари бечораро барои ҷо ба ҷо кардани қарзҳояш фурўхт ва боз ба Россия рафт…
–Чӣ хел қарз будааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё