Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Инчунин, аз рўи маълумоти пешниҳодкардаи шогирд, - ў ба тарафи Гурезов ишора кард, - мо кушторро аз рўи рашк низ ҳамчун назарияи иловагӣ пешниҳод кардем.
– Кушторро аз рўи рашк дар дигар мавзеъ ҳам амалӣ кардан мумкин буд.
– Чӣ хеле ҳам набошад, куштор бе иштироки бавосита ё бевоситаи зан нагузаштааст.
– Шояд Сабоҳати Маҳмадро дар назар доред?
– То санҷиши ҳаматарафаи ҳолномааш мо ўро дар куштор ба таври ғайримустақим гумонбарем.
– Пас чаро ўро напурсем?
– Сараввал бояд ба таври оперативӣ дар бораи вай маълумот ба даст орем.
– Аз макони зисташ?
– Аз макони зисташ ва ману шогирд дар ин бора аз номи шумо аллакай мактубчае ҳам тайёр намудем.
Сорбони Ҳомид бо нигоҳе аз Гурезов хоҳиш кард, ки аз ҷузвдони коғазини дар дасташ буда он мактубро, ки грифи “махфӣ” дошт, барорад. Гурезов мактубро, ки аз ду нусха иборат буд, бароварда, ба дасти подполковник Ҳамид Ҷовид дод.
Сардор мактуби тайёрнамудаи Гурезовро ба даст гирифт ва дар ин муддат Сорбони Ҳомид сари саҳнаи куштор дар мавзеи Хушкакдара ба андеша рафт…
Замони дар донишгоҳ таҳсил кардан Сорбони Ҳомид, аз бастаи картаҳо хоначаҳо месохт ва дар ин ҷода қариб, ки маҳорати хубе пайдо карда буд. Умуман, бисёриҳо ба ў пайравӣ кардан мехостанд, вале касе дар сохтани биноҳои бисёрошёнаи картонӣ ба пояи ў нарасид. Сирри муваффақиятҳояш дар чӣ буд, худаш ҳам намедонист, вале ҳангоми ба чунин як “иншоот”-и бузург даст задан ў ҳамеша мекўшад, ки картаҳороро аз таҳкурсӣ дуруст гузорад. Хатои на чандон калон ҳам боиси фуруравии он бинои азим мешуд ва лозим меомад, ки ҳама корро аз нав сар намояд. Дар корҳои ҷустуҷўӣ ҳам бояд чунин бошад ва агар нигоҳе бар муқобили далелҳои аслӣ бошад, онро ҳарчӣ тезтар гирифтан лозим, вагарна тафтишот ҳам мисли он хоначаҳои картонӣ чаппа мешавад…

пешина
аз 513
навбатӣ