Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Не, ман ҳам нияти гурехтан надорам. Таклиф мекунам, ки якҷоя ба ҳамон мавзеи Хушкакдара рафта, он маҳалро аз назар гузаронем, рафту Солеҳ борро ягон ҷо пинҳон карда бошад.
– Гумон дорӣ, ки онро меёбем.
-“Попытка не пытка.”
– Барои ин чанд вақт лозим.
– Як - ду рўз?
– Агар дар ҳақиқат Солеҳ бе бор омада бошад, мо беҳуда вақт сарф мекунем.
– Ба ҳар ҳол мо бояд боварӣ ҳосил намоем, ки ў бор надоштааст.
– Агар дошта бошад - чӣ?
– Он борро ёфтан лозим.
– Фарз кардем ёфтем, пас онро чӣ кор мекунем?
– Он тарафаш кори ту, Лайлиҷон, ягон бало карда, ба шеф мефаҳмонӣ.
– Ваъда намедиҳам, вале кўшиш мекунам.
– Боварӣ дорам, ки ту ба шеф фаҳмонда метавонӣ.
– Намедонам. Дар ин замона ба касе бовар кардан мумкин нест.
– Ба шеф ҳам?
– Дили шефро ман аз куҷо донам? Ба фикрам, мо ҳама лӯхтаки дасти ў ҳастем.
– Ту ҳам?
– Ман ҳам истисно нестам. Дар сурате, ки ў ба суханони ман бовар накардааст ва санҷиши давоми амалиёти моро ба дигар кас супоридааст.
– Рафту дар назарат намуда бошад?
– Не, соли аввал нест, ки бо шеф сарукор дошта бошам.
Медонам, ки ў ба чӣ корҳо қодир аст.
– Агар дар ҳақиқат Солеҳ бор наоварда бошад - чӣ?
– Дар он сурат ба мо ягон хавфе таҳдид намекунад, кошки ҳамин хел мешуд, - оҳ кашида гуфт духтар.
Дар ин оҳ чӣ қадар розҳо ниҳон буд, худ медонисту Худо.
Аз суханони Лайлӣ дили Даврон оташ гирифт. Рўяш то баногўшаш суп - сурх шуд, ба қавле дар миёни обу оташ монд. Гурдофарид бошад, авзои парешони ўро фаҳмид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё