Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ором шав Лайлӣ, ором шав.
– Ором шав мегўйӣ. Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Оё медонӣ, ки аз рўйи ту шуда мо дар кадом вазъ афтидаем?
– Охир вай бор надошт, гуноҳи ман чӣ?
– Кошкӣ ҳамин тавр мешуд. Аздусар агар муайян намоянд, ки ў бор доштааст, мо сари хеш ба бод хоҳем дод.
– Наход ягон илоҷаш набошад?
– Намедонам, – бо овози гирифта гуфт духтар.
Аҳволи ўро дида, дили худи Давронро ваҳм зер кард.
Модоме Лайлӣ барин духтар, ки бо шеф наздик аст, аз ҷони хеш метарсад, пас вой бар ҳоли ў. Ягон илоҷ бояд кард, вагарна бор ҳамон хел зери харсанг мемонад. Чӣ хел ба ў фаҳмонам, чӣ хел?
– Гўш кун Лайлӣ, рафту Солеҳ дар ҳақиқат бор оварда бошад.
–Чӣ хел бор оварда бошад? О худат гуфтӣ, ки бор надошт.
– Гапамро набур, рафту дар ҳақиқат ў то ба пеши ман омадан аз рўйи эҳтиёт борро дар ягон ҷо пинҳон карда бошад
– чӣ?
– Ба гумон аст.
– Чӣ хел ба гумон? О ҳама кор шуданаш мумкин - ку?
– Мумкин, вале Худо медонад, ки…
– Ба ҳар ҳол, мо як бор бояд мавзеи Хушкакдараро рафта бинем.
– Агар ҳамон вақт андеша мекардӣ, ҳоҷат ба майнаобкунии имрўза набуд.
– Акнун кори шудагӣ шуд, ман ҳам то андозае гунаҳкорам. Намехоҳам, ки аз рўйи ман шуда худат азоб кашӣ?
– Азоб мегўйӣ! Ақлат дар ҷояш? - ў ангушташро ба чаккаи сараш монда тоб дод. - Мо сари хеш ба бод медиҳем ва ҳамааш аз рўйи ту шуда.
– Чӣ хеле ки русҳо мегўянд, “не всё потеряно.”
– Хуш, чӣ пешниҳод дорӣ? Гуфтанӣ нестӣ, ки биё аз ҷумҳурӣ гурехта равем? Шахсан ман, аз Ватан ба ягон ҷо намеравам. Агар кушанд ҳам, дар хоки Ватан кушанд. Дасти боло дароз аст, ба куҷое равем, моро меёбанд. Як сол пеш як сол пас, фарқ надорад. Ман ба ягон ҷо намеравам.

пешина
аз 513
навбатӣ