Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худатро ба даст гир. Шарм дор. Ба замми ҳамаи ин туро дигар корҳо дар пеш аст.
– Дилам инқилоб мехоҳад ва мехоҳам дар миёни бозувони ў бошам.
– Биё мон ин гапҳоро. Тарзе муҳокимарони мекунӣ, ки гўё бори аввал марди урёнро дидаӣ.
– Инқилоб мехоҳад ин дили танҳо.
– Инқилоб хоҳӣ мардони аз ин беҳтареро меёбӣ. Дидӣ ҳангоми аз роҳ гузаштанат он ҷавон чӣ тавр ба сўят нигарист.
– Нигоҳаш қалбам шикофт, вале аз чунин нигоҳи бенатиҷа чӣ суд?
– Ҳар кор вақту соат дорад.
– Шиши нақд аз ҷигари нася беҳтар.
– Даврон то кунун моли худат набуд ва нест, рафту аз ту канораҷўӣ кунад шармандаи ҳарду дунё мешавӣ ва дигар масъалаи борро ҳам ба гумон аст, ки бардошта тавонӣ…
Нашаваду ҳама он марому мақсадат чун рози ниҳон монад…
– Рози ниҳон гуфта мешинӣ. Мардро дар чунин аҳвол дарёфтӣ. Ба бахти хеш зомин нашав. Либосҳоятро каш. Инқилоб намо инқилоб. Ба ёд биёр ҳама инқилобҳои олам. Кӣ дидааст инқилобро дар ҷаҳон оҳиста - оҳиста…
– Аз оқибати кори хеш андеша намо. Чун Даврон ба висолат бирасад, аз он номи баландат нишоне намонад.
– Аз кадом ном? Охир ман пеш аз ҳама зан ҳастам ва ҳаргиз талоши номи баландро ҳам накардам. Кунҷи танҳое бошаду ман дар оғўши ёр...
– О, чун туро Гурдофарид ном мебурданд, мисли гули саҳаргоҳи мешукуфтӣ. Номи нек бошад ба ҳама даркор. Чун номат ба бадӣ равад, мисли доғ дигар шуста нагардад. Он замон худат мисли латтаи кўҳнае нодаркор хоҳӣ гашт. Оё нашунидаӣ, ки дар ҷое кору зиндагӣ мекунӣ, ҳаргиз ишқварзӣ накун, вагарна худро шарманда месозӣ. Ҳарчи ҳам набошад, Даврон ҳамкори туст. Ту ба чашми ў чун кўҳи бузург азиму дастнорас менамоӣ ва баҳри лаҳзае, ки дилхушат месозад, аз чунин мақоми баланд меафтӣ…
– Ҳоло ки баҳорат нагузаштааст, хумори хеш шикан.
Охир на ҷавонии Даврон ва на он ҳусни нотакрори ту абадианд.

пешина
аз 513
навбатӣ