Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз нигоҳи аввал дили духтар шуввӣ кард ва ҳиссиёти шаҳвониаш бедор шуд. Даврон чунон масти хоб буд, ки парвои оламу одам надошт. Маҳз ҳамин ҳолат ба духтар имконият дод, ки марди дигареро бо тани урён бубинад ва ўро бо Солеҳ Ҷалил қиёс намояд. Дар нигоҳи аввал Даврон низ аз Солеҳ Ҷалил камӣ надошт, вале дар муошират чӣ хел буд, Лайлӣ ҳоло чизе гуфта наметавонист. Лайлӣ, ки дер боз боз оғўши гармро надида буд, аз тамошои чунин манзара вуҷудаш туғён кард.
Баъди тамошои ин манзара қалбаш ду нима шуд ва ҳар кадоме аз он нимаҳо дар майдони набард даъвои доварӣ дошт. Нимаи зайфи дилаш, ки хоси ҳама ҷинси латиф аст, инқилобро таманно мекард ва боз чӣ хел инқилобро…
– Пероҳани хеш аз тан бурун кун ва ба оғўшаш даро.
–О, вай бедор шавад чӣ фикр мекунад?
– Бедор шавад ба хоки поят бўса мезанад.
– Ба гумон аст.
– Чаро?
– Чунки вай аз шеф мисли бало метарсад ва агар наметарсид кайҳо аз ман коми хеш ситонида буд.
– Ҳама кор вақту соат дорад ва ту низ акнун озодӣ, бо ёрии ў аз Солеҳ Ҷалил халос шудӣ ва хуб мешуд, ки мукофоташро медодӣ.
– Рафту вай бедор шаваду аз ман рўй гардонад чӣ?
– Сода будаӣ, аз луқмаи тайёр кӣ рў гардондааст.
– Рафту…
Нимаи дигари қалбаш ба дифои шарафаш хест ва ақидаи хешро бо далелҳо исбот карданӣ шуд.
– Ҳама гуноҳоят кам буд, ки боз даст ба бадахлоқӣ мезанӣ. Як бор андешаи қадамҳои хеш накардӣ ва бо марди бегона ба тарабхона рафтӣ ва чӣ тавр номусатро аз даст додӣ, нафаҳмидӣ! Нафси бадат туро он қадар дар гуноҳ намудан далер кард, ки дигар сафедро аз сиёҳ ва некро аз бад фарқ накардӣ! Агар исқоти ҳамл намекардӣ, ҳоло соҳиби чанд фарзанд будӣ.
– Фарзанди беникоҳ?
– Ба ҳамааш худат гунаҳкор, чунки қадри хеш надонистӣ.
– Дилам ўро мехоҳад.

пешина
аз 513
навбатӣ